Мақомоти беҳдоштии тоҷик аз эҳтимоли хуруҷи бемории вараҷа (малерия) ё табларза дар Тоҷикистон ҳушдор додаанд.
Сайфиддин Каримов, раҳбари Маркази мубориза бо маризиҳои тропикии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба «Озодӣ» гуфт, тӯли чаҳор моҳи соли ҷорӣ дар кишвар чаҳор мавриди гирифтории сокинон ба бемории сирояткунандаи вараҷа сабт шудааст.
Аммо ӯ гуфт, ин дар ҳолест, ки тӯли 12 моҳи соли гузаштаи 2011 панҷ мавриди гирифторӣ ба маризии вараҷаи тропикӣ сабт шуда буд. Ҷаноби Каримов афзуд, панҷ шахси гирифтор ба маризии вараҷаи тропикӣ афроде буданд, ки ба хориҷ аз Тоҷикистон, умдатан ба кишварҳои қитъаи Африқо сафар доштаанд. Ӯ афзуд, чаҳор мавриди кашфи маризии вараҷа маъмулист ва мисли вараҷаи тропикӣ хаттарӣ ҷиддӣ ба инсон надорад.
Масъули Маркази мубориза бо маризиҳои тропикӣ мегӯяд, «чун замони хуруҷи ин маризӣ фаро расидааст, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз манбаъҳои хуруҷ, сар аз 1-уми июн маҳали зисти фаъоли хомӯшакҳо ва манзили сокинон безарар карда мешавад, ба сокинон дар минтақаҳои таҳти хатар пашшахонаҳо тақсим кардем ва дар манбаъҳои фаъоли хомӯшакҳо моҳичаҳо паҳн намудем.»
Ва афзуд, дар робита ба пешгирӣ аз хуруҷи вараҷа бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамкорӣ доранд ва аз ин созмон кӯмак ҳам дарёфт кардаанд. Аммо ба қавли ӯ, чун феълан сокинони Тоҷикистон ба кишварҳои зиёди Африқо ва Осиё сафарҳо доранд ва дар бархе аз кишварҳо вараҷа хуруҷ мекунад, эҳтимоли гирифторшавӣ ба ин беморӣ ва интиқоли он ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Солҳои 90 қарни гузашта дар Тоҷикистон бемории вараҷа ҳамасола хуруҷ мекард ва бо манзури пешгирӣ аз ин беморӣ дар Тоҷикистон Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ таъсис шуд. Сабти номи гирифторон ба ин беморӣ маҳз аз соли 1997 оғоз шуд ва дар он сол ҳудуди 30 000 нафар нафар сироятшудагон ба ин беморӣ сабти ном шуда буданд.
Он солҳо шумораи фавтидагон аз ин беморӣ низ ба қайд гирифта шуда буд. Маркази мубориза бо маризиҳои тропикӣ мегӯяд, вале тӯли 10 соли ахир афроди фавтида аз бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст .