6 қудрати ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар Бағдод бо Эрон ба музокирот нишастанд, пешниҳодҳои худ ҷиҳати рафъи нигарониҳо дар мавриди талоши Эрон барои ғанисозии 20-дарсадии уранро муаррифӣ карданд. Эрон қаблан аз қатъи ғанисозӣ дар ин сатҳ, ки ба сатҳи лозим барои сохтани силоҳи ҳастаӣ наздик аст, даст кашида буд. Майкл Манн, сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон аммо аз ироаи ҷузъиёти пешниҳоди имрӯза худдорӣ кард ва гуфт, мунтазири кадом пешрафти “бузург” дар нишасти Бағдод нест. Посухи ҳайъати Эрон ҳанӯз дастрас нашудааст, аммо Амир Мӯсавӣ, мушовири аршади раисиҷумҳури Эрон дирӯз дар Теҳрон ба телевизиони Чин гуфт: «Эрон ду чиз мехоҳад: Якум, эътирофи ҳаққаш ба истифодаи сулҳомези нирӯи ҳастаӣ, ва дувум, лағви таҳримоте, ки ноодилона болои Эрон эъмол кардаанд.»
Нишасти Бағдод нахустин музокироти 5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ – Амрикову Бритониёву Фаронса ва Русияву Чин – бо иловаи Олмон – бо Эрон дар пайи нишасти бенатиҷаест, ки моҳи апрел дар Истамбул доир шуд.