Сарони ИА имрӯз масъалаи буҳронро баҳс хоҳанд кард

Раҳбарони 27 кишвари ИА имрӯз дар Брюссел роҳҳои рафъи буҳрони қарзҳо ва ташвиқи таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодиро баҳс хоҳанд кард. Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ (OEСD) дирӯз 17 кишвари минтақаи евроро аз имкони амиқтар шудани пасрафт ҳушдор дод. Интизор меравад, сарони ИА баъди чанд соли ташвиқи коҳиши хароҷот ҳамчун роҳи рафъи буҳрон акнун рӯи роҳҳои ташвиқи рушд тамаркуз кунанд. Раисиҷумҳури нави Фаронса Франсуа Ҳолланд гуфтааст, агар паймони молии Аврупо чораҳои ташвиқи рушдро ҳам дар бар нагирад, онро имзо нахоҳад кард.