Тоҷикистон кай ба СҶТ шомил мешавад?

Гуфтугӯҳои намояндагони Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва мақомоти тоҷик дар масъалаи шомил шудани Тоҷикистон ба созмон аз сар гирифта шуд.
Як гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони 30 кишвари узви ин созмон дар Душанбе бо мақомоти тоҷик гуфтугӯ карданд. Ҳамчунин рӯзи сешанбеи 22 май дар вазорати рушди иқтисод ва саноати Тоҷикистон дар мавзуи манофеъ ва чолишҳои узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ), ҳамчунин таҷрибаи кишварҳои дигар аз раванди гуфтушунидҳо ва узвият дар ин созмони ҷаҳонӣ, ҳамоише баргузор шуд.

Ин ҳамоиш дар чаҳорчӯби тарҳи нави «Иҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» доир мешавад. Тарҳи маззкур аз сӯи Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байнулмилалии тиҷорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Палатаи савдо ва саноати кишвар, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои ироагари хадамот амалӣ менамояд.

Ин ҳамоиш дар ҳолест, ки гуфта мешавад замони пазируфтани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат наздик мешавад ва талоши ҳар ду ҷониб бештар шудааст. Вале суоли матраҳ ҳам ин аст, ки чӣ масъалаву мушкилоте ҳалнашуда боқӣ мондааст, ки ҳанӯз ҳам баҳсу баррасиҳои ду ҷониб идома дорад.

Сайраҳмон Назриев, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон

Сайраҳмон Назриев, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва раҳбари масъули гурӯҳи кории шомил шудани Тоҷикистон ба СҶТ мегӯяд, масъалаҳои аслӣ ва талаботи шомилшавӣ ба ин созмон аз сӯи Тоҷикистон тақрибан ҳал шудааст. Ӯ дар як сӯҳбати ихисосӣ ба “Озодӣ” гуфт: “Созмони ҷаҳонии тиҷорат устави мушаххас дорад, ки бештар аз 20 созишномаро дар бар мегирад. Ва бояд тамом реҷаи тиҷорати мо ба ин созишнома мутобиқ карда шавад. Дар ин масъала нисбат ба ягон кишвар гузашт карда намешавад. Ва бояд мо қонунгузориҳои худро бар тибқи ҳамин созишномаҳо мутобиқ кунем. Дар бахшҳо корҳо рафта истодааст.”

Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар сурати ҳалли комили масъалаи ислоҳоти қонунгузорӣ ва мутобиқат ба талаботи қонунҳои СҶТ, мавзӯи гуфтушуниди дуҷониба бо кишварҳои узви ин созмон боқӣ мемонад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон кай ба СҶТ шомил мешавад?



Аммо ин дар ҳолест, ки Ориф Ҳусайн, мушовири аршади маркази байналмилалии тиҷорат ва собиқ раҳбари бахши воридшавии кишварҳо дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки собиқаи 15 солаи кор дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дорад, мутмаин аст, ки Тоҷикистон то интиҳои моҳи июл масъалаи ислоҳоти қонунгузориро анҷом хоҳад. Ӯ талошҳои Тоҷикистон барои шомилшавӣ ба Созмони иҷорати ҷаҳониро муваффақона унвон кард ва гуфт, воридшавии Тоҷикистон ба ин созмон қабл аз ҳама ба обрӯи Тоҷикистон ва устувории иқтисоди ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ориф Ҳусайн, собиқ раҳбари бахши воридшавии кишварҳо дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки замони раҳбарияти ӯ 25 кишвари ҷаҳон ба ин созмони бонуфуз шомил шудааст, дар сӯҳбати ихтисосӣ ба “Озодӣ “гуфт: “Музокироти дуҷонибаи Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои кишварҳои дигар муваффақона ҷараён дорад. Албатта ин гуфтушунидҳои дуҷониба мушкилот низ дорад. Зеро дар ин маврид як навъ тавозуни манофеъ дар миён аст ва ин тавозун бояд таъмин шавад. Яъне Тоҷикистон талаботи кишварҳои дигари узви ин созмонро дар мувофиқа ба эҳтиёҷоти дохилии худи Тоҷикистон ва мардуми ин кишвар иҷро кунад.”

Ориф Ҳусайн, собиқ раҳбари бахши воридшавии кишварҳо дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат

Ба гуфтаи Ориф Ҳусайн, манофеи узвият ба СҶТ барои иқтисоди Тоҷикистон баробар ба он аст, кадом як давлат узви СММ мешавад ва истиқлолияти он аз сӯи ҷомеи ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Яъне пас аз узвият ба ин созмон, истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф хоҳад кард: “Манфиатҳо аз узвияти Тоҷикистон ба СҶТ хеле зиёд аст. Дар оғоз Тоҷикистон дар ин созмон баробари кишварҳои дигари узв ҳаққи баробар пайдо мекунад ва мисли дигар кишварҳо дар ин созмони ҳаққи як овозро ба даст меорад. Дуввум, тиҷорати Тоҷикистон мисли кишварҳои дигари ҷаҳон қобили пешгӯӣ мешавад, яъне маълумот дар бораи бозори Тоҷикистон ва дастрасӣ бо он мушаххас мегардад. Ҳамкорӣ бо кишварҳои дигари узв бештар мешавад ва Тоҷикистон хориҷ аз минтақа дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати шарики тиҷоратӣ эътироф мешавад. Манфиатҳо дар тиҷорати дохилӣ он аст, ки воридоти сармоягузории мустақил ва фанновариҳо меафзояд, ширкатҳои муштарак таъсис мешавад, рушди бонкдорӣ ва ҷаҳонгардӣ, бахшҳои мухталифи саноат рушд карда ва ҷойҳои нави корӣ эҷод мешавад, бахши тандурустӣ ва маориф рушд мекунад ва зиндагии мардум беҳтар мешавад. Манфиатҳо хеле зиёданд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Узвият дар СҶТ ба нафъи Тоҷикистон мебошад"


Оқои Ориф Ҳусейн меафзояд, ба ин манзурм мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли чанд соли ахири музокирот бо СҶТ, дар бахши ислоҳоти иқтисодӣ кори зиёде анҷом додаанд.

Созмони ҷаҳони тиҷорат аз бонуфузтарин созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ аст, ки 90 дарсади гардиши тиҷорати ҷаҳонӣ марбут ба кишварҳои узви ин созмон мебошад. Ин созмон 155 узв дорад ва Қирғизистон аввалин кишвар дар фазои Иттиҳоди шӯравӣ буд, ки соли 1998 ба узвияти ин созмон пазируфта шуд. Баъдан Гурҷистон, Арманистон ва Укроин шомили ин созмон шудаанд. Музокироти мақомоти Русия бо ин созмон дар моҳи декабр соли гузашта анҷом шудааст ва расмиёти воридшавӣ боқӣ мондааст.