Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигори "Озодӣ" Фарҳоди Милод бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафури Орзу.
Радиои Озодӣ: Ҷаноби Доктор Орзу, иттилое, ки имрӯз ба Тоҷикистон дар бораи ҳамсоякишвараш мерасад ин аст, ки рӯз ба рӯз Афғонистон ноамн мешавад ва имрӯз ё фардо ҷунбиши Толибон ба қудрат хоҳад расид. Шумо вазъи кунуниро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Абдуғафури Орзу: Феълан Афғонистон ба вазъияте расидааст, ки пулис ва урду (артиш) дар тамоми шаҳрҳо, 34 вилоят ҳузур ва нуфузи муассир ва чашмгир доранд. Амнияти марзҳоро низ пурра бар дӯши нерӯҳои ҳукуматӣ аст. Урду ва пулиси мо тавонманданд. Хабар доред, ки террористон ба Кобул ҳуҷум карда буданд. Ин ҷанг 18 соат идома дошт ва саранҷом террористон саркӯб шуданд. Дар расонаҳо, масалан, дар «Гордиан» (Инглистон) навиштанд, ки ҳамлаи террористон дар Кобул камтар аз ҳамлаи 11 сентябр ба Ню-Йорк набуд. Яъне пулису урдуи Афғонистон зарфияти посух додан ба террористонро дорад. Аммо ин ки ҳалақоти террористӣ аз сӯи қудратҳои минтақаӣ ва хориҷ аз Афғонистон дастгирӣ меёбанд, воқеияти дигар ва муҳимтарин дар ноамнии Афғонистон аст. Барои бархе қудратҳо, истифода аз терроризм як сиёсати хориҷӣ шудааст.
Радиои Озодӣ: Манзури ман ин аст, ки Толибон як нерӯи афғонӣ ҳастанд, на хориҷӣ…
Абдуғафури Орзу: Ба сароҳат бароятон мегӯям, ки ба мисли дигар кишварҳо ягон нерӯи сиёсии афғонӣ дар хориҷи Афғонистон бар зидди Афғонистон фаъолият намекунад. Ҳама ҳизбу ҳаракатҳо дар дохиланд, дар равандҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоботҳо ширкат мекунанд. Мавзӯъи мухолифини низомӣ ҳарфи дигар аст ва тавре гуфтам, бештар решаҳои хориҷӣ доранд, на дохилӣ.
Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, бархе мегӯянд, ки дар пайи паймони стратегии Амрикову Афғонистон, пойгоҳҳои амрикоӣ дар Афғонистон мустақар мешаванд ва хатарҳо ба манофеъи, масалан, Русия дар Осиёи Марказӣ пеш меояд. Ҳатто Эрон хавф дорад, ки Амрико аз Афғонистон ба ин кишвар ҳуҷум мекунад. Ҳукумати шумо чӣ биниш дорад?
Абдуғафури Орзу: Ҳамчунин паймонро Афғонистон бо Олмону Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ҳам бастааст. Мо омодаем бо Русия низ ҳамчунин паймони стратегӣ дошта бошем. Аммо бояд фаҳмид, ки ҷанг алайҳи терроризм дар минтақа ба анҷом нарасидааст. Паймони Афғонистону Амрико идомаи ҷанг бо терроризм аст. Тибқи ин паймон нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон хоҳанд буд, аммо ба ягон кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамла нахоҳанд кард. Ҳукумати мо ҳам ин иҷозаро нахоҳад дод. Пас аз соли 2014 то соли 2025 кишварҳои хориҷӣ ба мо кӯмак мекунанд ва пас аз он Афғонистон як кишвари худкифо хоҳад шуд. Мо хоҳем гуфт, ки «ташаккури зиёд, раҳмати калон». Акнун мо худ роҳамонро идома медиҳем.
Радиои Озодӣ: Аз берун ба назар мерасад, ки дар Афғонистон иқтисод вуҷуд надорад.Фақр асту харобӣ ва ноамнӣ. Чӣ таърифе аз пешрафтҳои иқтисодӣ тайи 10 соли ахир метавонед диҳед?
Абдуғафури Орзу: Ман ҳоло омори дақиқ дар даст надорам. Баҳси терроризм, мафияи байнулмилалӣ ва фасоди идорӣ дар Афғонистон дар хориҷ хеле фарбеҳ матраҳ мешавад. Аммо воқеият ин аст, ки тавсиаи иқтисодӣ ҳам ҳаст. Дар зодгоҳи ман – шаҳри Ҳирот 400 ширкати тавлидӣ вуҷуд доранд. Ҳамаи инҳо пас аз соли 2001 ба вуҷуд омаданд. Дар Афғонистон имрӯз корҳои бисёр бузурге ҳаст. Масалан, мо литиум дорем, унсуре, ки барои компютерҳо истифода мешавад. Бино ба таҳқиқоте, ки анҷом шуд, мо ба андозаи тамоми нафте, ки дар Ховари Миёна ҳаст, литиум дорем. Шумо рӯзҳои охир шунидед, ки дар Оқинаву Андхуй, манотиқи шимоли Афғонистон ширкатҳои Канада кор мекунанд ва ба зудии зуд мо рӯзона 45 ҳазор баррел нафт истеҳсол хоҳем кард. Роҳҳои зиёде ба сифати ҷаҳонӣ сохта шуданд.Тарҳҳои роҳи оҳан ба Тоҷикистону Узбакистону Эрон дар ҳоли баррасӣ ва анҷомёбианд. Пешрафтҳои мо зиёданд, бозсозӣ идома дорад, аммо терроризму амалиётҳои террористӣ сари ҳама пешрафтҳои мо соя меафкананд.
Радиои Озодӣ: Як манбаи ноамнӣ дар минтақа муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро унвон мекунанд, ки сол ба сол зиёд мешавад. Ҳукумати Шумо дар ин маврид чӣ назар дорад?
Абдуғафури Орзу: Узбакистон ҳам ба мисли Тоҷикистон ҳамсояи мо аст. Узбакистону Туркманистон бо мову шумо як таъриху як фарҳанг ва як тамаддун доранд. Падари фарҳанги Узбакистон – Мир Алишери Навоӣ дар Ҳироти Афғонистон мадфун аст ва аз меъморони тамаддуни темуриён буд. Қисмате аз мардуми мо узбак ҳастанд. Афғонистон бар ин аст, ки ҳамсояҳои мо Узбакистону Тоҷикистон бо сулҳу субот, бародариву дӯстӣ зиндагӣ кунанд. Ҳар коре, ки дар ин амр аз мо сохта мешавад, омодаем анҷом диҳем.
Радиои Озодӣ: Як баҳси доғи минтақаӣ об аст. Аммо кишвари Шумо, бо ин вуҷуд, ки аз манбаъҳои об маҳсуб мешавад, ба назар мерасад, ки кам истифода мекунад барои рушди иқтисодаш ва ҳам дар ин баҳс ширкат надорад. Оё ба ин баҳс ворид мешавед?
Абдуғафури Орзу: Бигузоред, ки бо шеъри Мирзо Турсунзода оғоз кунам. Ӯ мегӯяд, барои Афғонистон мегӯяд:
Бо шумо ҳамсояи деринаем,
Дӯстони бериё, бекинаем.
Аз миёни хокҳои мо убур,
Мекунад Ому ба сони хатти нур.
Обро бо рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.
Мо бо Тоҷикистони азиз ҳеҷ мухолифате бар сари манобеи об надорем. Ин Амударё аз хокҳо, қуллаҳои сарбафалаки Афғонистону Тоҷикистон маншаъ мегирад. Аз оби Афғонистон тамоми минтақа бархӯрдоранд. Табиист, ҳаққи мост, ки мо аз Амударё истифодаи беҳина бикунем. Пас аз он, ки дар Афғонистон ба сулҳу субот мерасад, мо ҳам ба унвони узви ин минтақа ҳақоби худро талаб хоҳем кард, албатта, бар асоси қонунгузориҳои байнулмилалӣ.
Доктор Абдуғафури Орзу соли 1961 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон таваллуд шудааст. Мактаби ибтидоӣ, миёна ва олиро дар ин шаҳр анҷом дода, рисолаи доктори улуми забон ва адабиёти форсиро дар Донишгоҳи Теҳрон ҳимоят кардааст. Муддати тӯлонӣ дар сафорати Афғонистон дар Эрон масъулиятҳои гуногунро ба зимма дошт. Муаллифи 30 китоб дар улуми инсонӣ - забону адабиёт, фалсафа, калом ва сиёсат аст. Китоби ӯ «Афғонистон дар асри 21» яке аз китобҳои дарсии макотиби олии Афғонистон аст. Дар донишгоҳҳои Пристони Амрико, Сюрихи Олмон, Деҳлии Ҳиндустон, донишгоҳҳои Эрону Афғонистон ва маҳфилҳои илмиву сиёсии ҷаҳон силсилаи суханрониҳо дар бораи Афғонистони муосир доштааст. Дар ҳукумати Ҳомид Карзай аз соли 2002 мушовири сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон буд. Аз соли 2011 сафири кабир ва намояндаи фавқулоддаи Афғонистон дар Тоҷикистон аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад