Додситонии кул пас аз таҳқиқи фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ ин ҳизбро 20 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ гуфт, баъд аз таҳқиқи семоҳаи фаъолияти ин ҳизб дар саросари кишвар аз сӯи мақомоти тафтишотӣ ва идораи андози кишвар, бархе аз нуқсонҳо дар пардохти молиёт ошкор шудааст.
Мақомот дар заминаи фаъолиятҳои молии ин ҳизб, аз ҷумла дар пардохти носаҳеҳи молиёт (андоз) камбудҳо ошкор кардаанд ва роҳбарияти ҳизб бар ин натиҷа расидааст, ки маблағи ҷаримаро бипардозад.
Вале бо ин ҳол Муҳаммадалӣ Ҳайитов, муовини раиси ҲНИТ, гуфт, интизор меравад даъвои ин ҳизб бар алайҳи Додситонии кулл ҷиҳати нодуруст даст ба тафтишоти фаъолияти ҳизб задани ин ниҳод дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар рӯзҳои наздик оғоз шавад.
Бар пояи як дастури Додситонии кулл аз моҳи январи соли ҷорӣ, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ мавриди тафтиш қарор гирифт.
Масъулони ҲНИТ мегӯянд, санҷиши фаъолияти ин ҳизб аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи нашри аснод (Протоколи 32-20) аз ҷаласаи махфии ҳукумат дар сайти русии "Звезда.ру" ва нашри матлабе бо номи "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" сурат гирифтааст.
Сомонаи "Звезда.ру"-и Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст. Дар ин торнамо ҳуҷҷатҳое аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон таҳти унвони Протоколои 32-20 ба чоп расида буд, ки мӯҳтавои матлаби дарҷшуда дар ин сомонаро ташкил медод.
Қаблан, вакилони ҲНИТ аз Додситони кулл посух гирифта буданд, ки мӯҳтавои ин Протокол таҳриф шудааст. Бад-ин манзур онҳо бо ирсоли як номаи расмӣ ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори дарёфти нусхаи асли Протоколи 32-20 шуда буданд.