Беш аз 90 кушта ва 200 захмӣ дар таркиши Яман

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар Яман, ба камияш 90 тан кушта ва беш аз 200 тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба хабарҳо, рӯзи 21-уми май дар ҷараёни паради низомиён дар шаҳри Санъо -- пойтахти Яман, фарде, ки либоси низомӣ бар тан дошт, худро мунфаҷир кард.