Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар Яман, дастикам 90 нафар кушта ва беш аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд
Бино ба хабарҳо, имрӯз, 21-уми май дар ҷараёни паради низомиён дар шаҳри Санъо - пойтахти Яман, фарде, ки либоси низомӣ бар тан дошт худро мунфаҷир кард, ки дар натиҷа наздик ба 90 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Мақомот гуфтаанд, як марди либоси сарбозӣ дар тан худро дар майдони Сабин, дар наздикии Кохи раёсатҷумҳурии Яман тарконд.
Тибқи гузоришҳо, шуморе аз мақомҳои Яман, аз ҷумла вазири дифоъ ва фармондеҳи ситоди артиши Яман низ дар маҳали таркиш буданд, вале осеб надиданд.
Сарбозон ба таҷлил аз солгарди 22-юми ба ҳам омадани Ямани шимоливу ҷанубӣ, ки фардо ҷашн гирифта мешавад, омодагӣ мегирифтанд.
Бархе аз мақомҳои яманӣ гуфтаанд, ҳамлакунандаи интиҳорӣ аз афроди Ал-Қоида будааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад