Раҳоии чаҳор шаҳрванди хориҷӣ аз маҳбаси Судон

Марзи миёни Судон ва Судони ҷанубӣ ҳанӯз ҳам ноором аст

Мақомоти Судон чаҳор шаҳрванди хориҷии моҳи гузашта дар наздикиҳои марз бо Судони ҷанубӣ боздоштшударо раҳо карданд. Президенти собиқи Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Табо Мбекӣ, миёнарав дар раванди раҳоии хориҷиён, аз Хартум барои ин тасмимаш изҳори сипос кард.

Шаҳрвандони Бритониё, Норвегия, Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ва Судони ҷанубӣ дар минтақае дастгир шуда буданд, ки он ҷо ба саҳнаи даргириҳо миёни низомиёни Судон ва Судони ҷанубӣ табдил шуда буд.

Хартум шаҳрвандони хориҷиро дар ҳамдастӣ бо низомиёни Судони ҷанубӣ айбдор мекард.