Обама: Афғонистонро рӯзҳои мушкил дар пешанд

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар рӯзи аввали нишасти НАТО дар Чикаго изҳор намуд, ки Афғонистонро рӯзҳои мушкил дар пешанд. Дар ин нишаст бо ширкати ҳайатҳои 50 кишвари олам стратегияи минбаъда дар баробари Афғонистон баҳсу баррасӣ мешавад.

Дар нишасти хабарии муштарак бо Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Обама афзуд, ки Паймони НАТО ба дуруст будани роҳи интихобкардааш дар қиболи Афғонистон мутмаин аст.

Ҳомид Карзай, дар навбати худ, хабар дод, ки Афғонистон дар нишасти Чикаго чун кишвари мустақил ширкат дорад ва аз тарҳи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз кишвар дар соли 2014 пуштибонӣ мекунад, зеро намехоҳад, ки чун бори сангин дар дӯши ҷомеъаи ҷаҳонӣ боқӣ бимонад.

Аз ин пеш Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен изҳор карда буд, ки ба идомаи сармоягузории нерӯҳои амниятии афғон аз сӯи ҷомеъаи байнулмиллалӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон шубҳае надорад.