Таҳрим алайҳи ду дастёри Толибону Ҳаққонӣ

Вазорати молияи Амрико алайҳи як маъмури шабакаи Ҳаққонӣ ва сармоягузори Толибон таҳрим ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи вазорат, ин иқдом “ба хотири тазмин додани он аст, ки афроди дастдошта дар хушунат ва амалҳои террористӣ дар Афғонистону Покистон ҳамчунон дар инзиво гирифта ва аз дастрасӣ ба системаи байналмилалии молӣ маҳрум мешаванд.” Аз ин пас ҳамаи моликияту ҳисобҳои Бахт Гул ва Абдулбоқӣ Борӣ баста мешавад. Бахт Гул, як масъули калидии шабакаи Ҳаққонӣ буда ва мустақиман барои раиси он Бадруддин Ҳаққонӣ кор мекардааст. Абдулбоқӣ Борӣ “пулшӯи Толибон” буда ва аз тариқи бонкҳои покистонӣ пулҳои фиристода барои Толибонро дастрас мекардааст.