Мухолифони Русияро "бандиёни виҷдон" хонданд

Созмони Афви Байналмилал рӯзи панҷшанбе, пешвоёни мухолифини давлати Русия Алексей Навалний ва Сергей Удалтсовро “бандиёни виҷдон” номид. Сергей Никитин, раҳбари дафтари Афви Байналмилал дар Маскав гуфт, Навалний ва Удалтсов “дар пайи дастёбӣ ба ҳаққи худ ба озодии тазоҳурот, раҳпаймоӣ ва ҷамъомадҳои осоишта буданд, аммо онҳоро боздошт карда ва сипас паси панҷара андохтанд.” Ҳарду пешвои мухолифини Русияро рӯзи 6-уми май дар раҳпаймоие дар Маскав боздошт карда ва ҷарима бастанд. Аммо баъди чанд рӯзи дигар бо иттиҳоми нофармонӣ ба маъмурони амниятӣ дастгир карда ва ба 15 рӯзи зиндон маҳкум карданд.