Мақомоти тоҷик як сокини шаҳри Ваҳдатро ба иттиҳоми дуздии масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздошт кардаанд.
Бино ба маълумоти вазорати умури дохилӣ, ЗайдуллоТолибови 41-сола, ки ронандаи нақлиёти сементкашии ҳамин нерӯгоҳ мебошад, аз чанд муддат ба ин тараф масолеҳи вобаста ба ин нерӯгоҳро ба яғмо мебурдааст.
Гуфта мешавад, кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҳамчун далели шайъи, ҳангоми санҷиш аз манзили зисти айбдоршаванда, ба миқдори 6 тонна сементро ба маблағи наздики шаш ҳазор сомонӣ дарёфт кардаанд.
Барои бори аввал нест, ки ҳодисаи дуздӣ ва ғорати масолеҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ошкор мешавад. Дар моҳи июли соли гузашта мақомоти Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон аз баста шудани бозорҳои ғайрирасмие дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун, ки маводи сохтмонии дуздида аз нерӯгоҳи Роғунро ба фурӯш мегузоштанд, хабар дода буданд.
Мақомоти ин ниҳод он замон сарвари шӯъбаи муҳофизати ҳукумати шаҳри Роғунро мисол оварда буданд, ки бо як километр кабели баландсифати сохтмонӣ дастгир шудааст.
Раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон ҳамчунин гуфта буд, бо иттиҳоми дуздӣ дар нерӯгоҳи Роғун афсарону сарбозони қисми низомии Горд ё Гвардияи миллии Тоҷикистон низ боздошт ва муҷозот шудаанд.
Аммо иддае аз огаҳони вазъи ҷиноӣ дар нерӯгоҳи Роғун бар инанд, ки на ҳамеша таҳқиқи дуздии амвол аз сӯи афсарон дар ин сохтмони барои Тоҷикистон муҳим мунсифона сурат мегирад.
Дар гузашта расман ҳазинаи ин тарҳро беш аз 2 миллиард ҳисоб карда буданд. Ин тарҳ мухолифати мустақими Узбакистон ва ғайримустақими Русияро низ афзудааст, ки аз "фишорҳои иқтисодӣ" сари Тоҷикистон кор мегиранд. Коршиносон ҳазинаи ин фишорҳоро беш аз як миллиард доллар ҳадс мезананд.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон он замон гуфта буд, то якуним соли пеш воқеан мавориди дуздии амволи "Роғун" зиёд буд, аммо бо дастури раисҷумҳур ҳоло ҳар семоҳа вазъи молии нерӯгоҳ аз сӯи комиссияи махсус санҷида мешавад.