Қонунгузорони Амрико хостори бархӯрди сахт бо Эрон шуданд

Маҷлиси Намояндагони Иёлоти Муттаҳида дар қатъномаи худ гуфт, бояд ба талошҳои Эрон қабл аз дастрасии он ба силоҳи ҳастаӣ хотима гузошта шавад. 401 нафар ба тарафдорӣ аз он ва 11 тан мухолиф раъй доданд. Дар қатънома ҳамчунин ба сиёсати таҳрим ва маҳдуд кардани Эрон ҳамчун вокуниш ба таҳдиди ҳастаии он мухолифат баён шудааст. Мунаққидон мегӯянд, ин қатънома метавонад Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷанг бо Эрон наздиктар кунад. Аммо ин санад барои ҳукумати Амрико хосияти ҳатмии иҷроӣ надорад. Исроил пойфишорӣ мекунад, ки бояд ба Эрон зарбаи ҳарбӣ зада шавад, ҳукумати Обама тарафдори ин ақида нест. Қатънома дар арафаи гуфтушуниди навбатии ҳастаии қудратҳои ғарбӣ бо Эрон дар Бағдод ба тасвиб расидааст.