Исломобод мегӯяд, равобит бо Ғарб барои аҳамияти стратегии Покистон дар минтақа муҳим аст.
Ҳукумати Покистон ба дубора боз кардани роҳҳои икмолотии НАТО ризоят дод, вале мӯҳлатеро барои ин таъин накард. Аъзои ҳукумат дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин аз сафари раисиҷумҳур Осаф Алӣ Зардорӣ ба Чикаго, барои ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви НАТО ҳимоят карданд. Ин нишаст рӯзҳои 20 ва 21-уми май баргузор шуда, дар он ояндаи Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.
Зоҳиран, давраи мушкили равобити Покистон бо Ғарб, ки баъд аз ҳалокати 24 сарбози он дар ҳамлаи ҳавоии шаш моҳ пеш сар шуда буд, акнун рӯй ба поён аст. Иёлоти Муттаҳида он вақт аз ин воқеа изҳори таассуф кард, аммо аз узрхоҳӣ худдорӣ намуд. Қабл аз ин воқеа низ равобити ду ҷониб ноҳамвор буд. Нерӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида дар аввали моҳи майи соли гузашта бидуни огаҳии пешакии Исломобод вориди хоки Покистон шуданд ва дар Аббатобод раҳбари шабакаи ал-Қоида Усома бин Лодинро ба ҳалокат расонданд. Матбуоти Амрико борҳо навишт, ки имкон надошт, бин Лодин битавонед бе ҳимояти мақомоти покистонӣ дар чандкилометрии шаҳраки ҳарбии Покистон зиндагӣ кунад.
Ҳалокати сарбозони покистонӣ дар наздикии марзи Афғонистон сабаб шуд, ки ҳукумат ва порлумони Покистон роҳҳои икмолотии НАТО-ро ба Афғонистон расман бубандад.
Шоми чоршанбе дар Вашингтон, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Виктория Нуланд, гуфт, дар қатъи ин муҳосира пешрафти муҳим ба даст омадааст: "Мо пешрафт дорем ва наздики ҳаллем. Чанд масъалаи дигар аст, ки бояд ҳал шаванд ва ҳалли онҳо айни муддаост.”
Бо ишора ба вазъи мушкили равобит бо Вашингтон, сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, кишвараш набояд “тасмими эҳсосотие гирад, ки барояш дар дарозмуддат хуб набошад.” Вай афзуд, муносибатҳо бо НАТО ва Иёлоти Муттаҳида дар як “марҳилаи ҳассос” қарор доранд ва Покистон бояд тасмиме гирад, ки барои “аҳамияти стратегии он” дар минтақа ва барои манофеи миллии Покистон “сарнавиштсоз” бошад.
Таҳлилгарон бар инанд, ки ширкати Покистон дар ҳамоиши Чикаго таъсири Исломободро ба ояндаи Афғонистон тақвият медиҳад. Ин ҳам дар ҳоле ки кишварҳои НАТО омодагӣ мегиранд, дар соли 2014 нерӯҳои худро аз Афғонистон бароранд. Исломобод ҳамоиши гузаштаи муҳими марбут ба Афғонистонро, ки дар моҳи декабр дар Бонни Олмон баргузорр гашт, таҳрим кард.
Баста будани роҳҳои икмолотии НАТО ба воситаи Покистон ба нақши Шабакаи Икмолотии Шимолӣ афзуда, гуфтушуниди сарони Ғарбро бо Русия, Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар мавриди истифодаи қаламрави онҳо барои хуруҷ аз Афғонистон вусъат дода буд. Аммо коршиносон ишора мекарданд, ки роҳҳои шимолӣ дар қиёс ба роҳҳои Покистон наздик ба ду баробар гаронтаранд.
Боз шудани роҳҳои покистонӣ аҳамияти шабакаи шимолиро то андозае коҳиш хоҳад дод, вале ҳоло маълум нест, амнияти роҳҳои Покистон то куҷо таъмин хоҳад шуд. Дар шаш моҳи сардии байни Вашингтон ва Исломобод рӯҳияи зиддиамрикоӣ дар масири роҳҳои икмолотӣ ба авҷи худ расида, эътироз аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Иёлоти Муттаҳида ба манотиқи марзии Покистон ба алами амалиёти беиҷозаи зидди бин Лодин зам гаштааст. Вашингтон мегӯяд, ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҷанги зидди ситезаҷӯёни исломӣ муҳим аст, аммо бисёре аз покистониҳо посух медиҳанд, ки дар ин ҳамлаҳо асосан афроди осоишта кушта мешаванд.