Вакилони МН мегӯянд, давлат муваззаф аст, ки осори қадимӣ ва таърихии рабудашуда дар солҳои ҷанги дохилиро, ки ҳоло дар осорхонаҳои кишварҳои дигар нигаҳдорӣ мешаванд, ба ватан бозгардонад.
Ин даъват дар ҷараёни баррасии «Қонун дар бораи осорхонаҳои Тоҷикистон” садо дод.
Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва яке аз суханронони ин ҷаласа гуфт, ки дар солҳои нооромии ибтидои асри гузашта ва ҳамчунин соҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле аз осор ва ашёи таърихии мардуми тоҷик аз сӯи афроди алоҳида ва гурӯҳҳо ба хориҷ аз кишвар бурда шуданд.
Оқои Шабдолов мегӯяд, ки ин ашё ва осори пурқиммат ҳоло дар осорхонаҳои кишварҳои дигар нигаҳдорӣ ва ба намоиш гузошта мешавад, дар ҳоле ки ҳар кадоме як пора аз таърихи ин мардум ва ин ватан аст: «Аз Тоҷикистон дар давраи
хараҷу мараҷ дар ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто дар ҷанги солҳои бист бисёр чизҳои таърихии мо ба хориҷа бурда шуданд. Аз давлатҳои хориҷа ба унвони сайёҳ омада ҳамаро чинда бурданд. Ҳоло мебинем, ки дар Лондон пайдо шудааст, дар Амрико пайдо шудааст ва як қисмаш дар Русия дар эрмитаж ҳаст. Лекин онҳоро баргардонидан шарт аст.»
Аммо Сайидмурод Бобомуллоев, мудири Осорхонаи миллӣ- бостоншиносии Тоҷикистон иддаои ба сирқат рафтани ашё ва асарҳои таърихии осорхонаҳо дар солҳои ҷанги дохилиро радд кард. Ҷаноби Бобомуллоев гуфт, ки ашё ва ангораҳову дигар амволи таърихӣ, ки дар осорхонаҳои давлатӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ шудаанд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мавриди ғорат қарор нагирифтаанд. Вале агар, ки дар ин солҳо ҳамчунин чизҳое ба берун рафтаанд, ба эҳтимоли зиёд моли хазинаи афроди алоҳида ва ё ҳатто осорхонаҳои хусусӣ мебошанд:
«Мумкин моли шахсӣ, аз ҷумла бойбачаҳое, ки буданд, берун бароварда бошанд. Лекин моле, ки дар осорхона бошаду бароварда бошанд, ин имкон надорад. Хазинаи Амударё дар замоне харидорӣ шуда ва бурда буд, ки Тоҷикистон вуҷуд надошт. Вай ҳамчун моли таърихии мардуми эронитабор ва хусусан тоҷикҳо эътироф шудааст. Ва ҳамчун мероси фарҳангии тоҷикҳо нигаҳдорӣ мешавад. Хуб, ки он мардум онро харидорӣ кардаанд. Метавонистанд, ки нахаранд ва он ҳам мисли хазинаи Амир Олимхон несту нобуд шавад. Дар замони ҷанг дар Осорхонаи мо ва осорхонаи Беҳзод чизе нобуд нашудааст.»
Зимнан яке аз нукоти умда дар қонуни осорхонаҳо, ки аз сӯи вакилони парлумон қабул гардид, фароҳам овардани шароити қонунӣ барои ташкил ва фаъолияти осорхонаҳои хусусӣ аст. Бар пояи ин қонун, ҳамакнун осорхонаҳои хусусӣ
метавонанд расман дар мақомоти давлатӣ сабти ном бишаванд ва аз кӯмакҳои давлат ва афроди алоҳида баҳра баранд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 51 осорхонаи давлатӣ фаъолият мекардааст. Аммо шумори осорхонаҳои хусусӣ ва ё ғайридавлатӣ мушаххас нашудааст. Аммо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, минбаъд осорхонаҳои хусусӣ на танҳо дар қайди давлатӣ хоҳанд буд, балки феҳристи ашёи нодир ва таърихии худро онҳо бояд таҳия ва бо ихтиёри мақомоти марбут вогузор кунанд: «Ин қонун ҳифз, бақайдгирӣ ва дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ, тартиби ба мерос гирифтан ва ӯҳдадориҳои ба меросгиранда, ба имзо расонидани аҳдномаҳоро дар мавриди хариду фурӯш ва ба меросгирии қисми ғайридавлатии ашёҳоро ба танзим медароварад.»
Бо ин ҳол аввалин осорхона дар Тоҷикистон дар соли 1932 бо номи Маркази ҷамъоварии ашёи қадимӣ дар назди Шӯрои нозирони халқӣ ва ё Совнарком ташкил шудаст. Аммо осорхонаи давлатии ба номи Камолиддин Беҳзод ва ҳамин тавр яке дигар аз осорхонаҳои давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд дар соли 1952 таъсис ёфтаанд.