Покистон марзҳояшро барои НАТО дубора боз мекунад?

Интизор меравад, кобинаи вазирони Покистон имрӯз марзҳои кишварро барои корвонҳои экмолотии нирӯҳои НАТО дар Афғонистон дубора боз кунад. Ин нишаст ҳамчунин бояд дар мавриди ширкати раисиҷумҳур Осифалӣ Зардорӣ дар нишасти рӯзҳои 20 ва 21 майи НАТО дар Чикаго, ки мавзӯъи асосиаш ояндаи Афғонистон аст, тасмим бигирад. Покистон 6 моҳ пеш дар посух ба ҳалокати 24 сарбозаш дар як ҳавлаи ҳавоии НАТО марзҳои худро ба рӯи нирӯҳои эътилоф баст. Амрико аз ҳалокати ин сарбозон изҳори тассуф кард, вале узр нахост. Ин қазия мояи сардӣ дар равобити бе он ҳам танишомези ду кишвар шуд.