Зарифӣ ба нишасти НАТО ба Чикаго хоҳад рафт

Ҳамроҳхон Зарифӣ

Тоҷикистонро дар нишасти рӯзҳои 20 ва 21 майи сарони НАТО дар Чикагои Амрико вазири хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ намояндагӣ хоҳад кард. “Азия Плюс” ин хабарро бо такя ба як манбаъаш дар ҳукумати Тоҷикистон нашр кард. Як мавзӯъи асосии нишасти Чикаго вазъи Афғонистон, бахусус дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз ин кишвари ҷангзада то поёни соли 2014 аст ва як далели даъвати кишварҳои Осиёи Марказӣ низ баҳси ҳамин мавзӯъи ҳассос гуфта мешавад. НАТО дар роҳи таъмини хуруҷи нирӯҳояш ба мусоидати кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад.