Муассисаи давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ахиран тарҷума ва нашри 5 филми туркиро мамнӯъ эълон кард.
Давлат Сафаров, мудири кулли Муассисаи давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ҳадаф аз мамнӯъ кардани панҷ филми туркӣ дар Тоҷикистон, ҷилавгирӣ аз таблиғи зӯроварӣ, тероризм ва тундгароӣ аст.
Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, дар филмҳои «Ҳомиён», «Пайроҳаи тақдир», «Мисли Юсуф», Хаёлҳои сабз» ва «Водии гургон» -и туркӣ, ки дар чанд соли ахир дар кишвар тарҷума ва паҳн мешаванд, саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ, терроризм ва ифтотгароӣ ба таври фаровон ҷой дорад.
Ба қавли мудири кулли «Тоҷиккино», муштариёни аслии ин филмҳо умдатан кӯдакон ва наврасонанд, ки ба осонӣ зери таъсири амалҳои ғайриахлоқӣ дар ин филмҳо мемонанд. Дар гузашта мегӯяд ӯ, чандин ҷинояте аз сӯи кӯдакону ноболиғон содир шуда буд, ки натиҷаи тамошои инчунин филмҳо ва пайравӣ ба қаҳрамонони онҳо буд.
Давлат Сафаров ҳамзамон афзуд, аммо нашри фармони мамнӯъ шудани филмҳое бо чунин мӯҳтаво, танҳо марбути ин панҷ филми туркӣ нест. Ҳамчунин филмҳои дигари хориҷӣ, ки чунин мӯҳтаво доранд, нашру тиҷорати онҳо, бо шумули филмҳои тасвирие, ки тарҷумаи ғайриахлоқии тоҷикӣ шудаанд, мамнӯъ мешавад.
Феълан, инспексияи махсуси «Тоҷиккино» ба мусодираи дискҳои инчунин филмҳо аз нуқтаҳои фурӯш ва дастгоҳҳои ғайриқонунии нашри филмҳои хориҷӣ шурӯъ кардааст.
Оқои Сафар дар зимн афзуд, "Тоҷиккино" хариди сенарияи филмҳои тоҷикӣ ва нашри филмҳои тоҷикиро бар асоси озмун эълон кардааст.
Тайи 20 соли ахир тавлиди филмҳои бузургҳаҷм дар Тоҷикистон ба роҳ монда нашудааст ва чанд талоши таҳияи сераилҳои худӣ ба нокомӣ анҷомид. Аввалан, онҳо хеле соддалавҳона ва аз ҷиҳати таҳия низ ба меъёрҳои маъмулӣ мувофиқат набуданд. Дар муқоиса бо ҳамсояҳои дигар, ки ҳоло қудрати пешинаи филмсозиро баргардонидаанд, Тоҷикистон дар сафи аз ҳама ахир қарор дорад ва коршиносон умед надоранд, ки ин соҳа солҳои наздик фаъол шавад.
Аммо як коршиноси умури синамо дар Тоҷикистон гуфт, тавлиди филм дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надорад ва ин халоро филмҳои туркиву эрониву русиву кореягӣ пур кардаанд. Дар ҳамин росто, бархе дигар аз соҳибназарон ба ин ақидаанд, ки дар натиҷаи тамошои ин гуна филмҳо ахлоқи ҷавонон коста гашта, рӯҳияи онҳо бар пояи тарғиботи идеологии ин ё он кишвар ташаккул меёбад.