Бино ба омори расмӣ, ҳаҷми содироти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ назар ба воридоташ 3 маротиба камтар шудааст.
Мақомот мегӯянд, ислоҳоти иқтисодӣ метавонад то чанд соли дигар имконоти содиротии Тоҷикистонро бештар кунад. Вале ба ақидаи иқтисоддонҳо, бо вуҷуди силсилаи лентабуриҳо аз корхонаҳои ҷадид дар арафаи ҷашнҳои пайдарпай, Тоҷикистон ҳамчунон вобастаи ҳамагӣ ду маҳсулоти содиротӣ – пахта ва алюминий – боқӣ мемонад ва гумон аст, ки ин вазъ дар кӯтоҳмуддат тағйир биёбад.
Ширкати бо Туркия муштараки “Силкоат-бой” ба содироти маҳсулоташ ба Қирғизистону Афғонистон шурӯъ кардааст. Анвар Ёқубов, раиси минтақаи озоди тиҷоратии “Суғд” мегӯяд, ин ширкат солона то 700 тонна рангубор тавлид мекунад, ки бахши аъзамаш маҳз барои фурӯш дар бозорҳои хориҷист: “Мо тоза дар соли гузашта шурӯъ кардем. Аз соли гузашта. Ин ширкат рақобатпазирии молашонро аввал дар бозори дохилӣ санҷид, ин бозорро пур кард ва имсол содироти маҳсулоташро ибтидо ба Қирғизистон оғоз кард ва ҳоло ба Афғонистон роҳ мекушояд. Баъзе маҳсулоташ барои Осиёи Марказӣ наву бозоргир аст. Имтиёз ҳам додаем ба чунин ширкатҳо. Онҳо ягон андоз намесупоранд дар Тоҷикистон, маҳсулоташонро озодона мебароранд.”
Аммо, таври маълум, бо як гулу ду гул баҳор намешавад. Ба сурати умум, содироти Тоҷикистон дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 8,7 фоиз коҳиш ёфта, ҳамагӣ 464 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба 1,2 миллиард доллар воридоти кишвар қариб 3 маротиба камтар аст. Бино ба омори расмӣ, имсол содироти маҳсулоти саноатӣ қариб 90 дарсад, маҳсулоти ғизоӣ – 63,6 фоиз, фулузот зери 31 фоиз ва содироти пахта 12 дарсад кам шудааст.
Додарҷон Зоҳиров, раҳбари идораи равобити хориҷии вазорати иқтисоди Тоҷикистон иллатҳои коҳиши содирот дар соли ҷориро чунин шарҳ дод: “Сабаби асосӣ кам шудани истеҳсоли маҳсулот шуд. Тоҷикистон ду маҳсулоти стратегии содиротӣ дорад, вале ҳаҷми ҳам алюминий кам шуд ва ҳам пахта. Сабаби дигар паст шудани нархҳо дар бозори ҷаҳонист, чунки нархи пахта қариб 1000 доллар ва аз алюминий 1200 доллар коҳиш ёфт барои ҳар тонна. Қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон дар моҳи апрел низ таъсир дошт, чунки тавлиди алюминий 11 фоиз коҳиш ёфт.”
Аммо ба назари иқтисоддонҳо, таносуби шадидан манфӣ байни содирот ва воридот Тоҷикистонро як кишвари ба истилоҳ “тайёрхӯр” ҷилва медиҳад, ки ба маҳзи дастгоҳҳои фартути бозмонда аз аҳди Шӯравӣ, камбуди мутахассисон ва қарзҳои миёншикани тиҷорӣ, қудрати тавлиди моли рақобатпазирро аз даст дода, оддитарин молҳои мавриди ниёзаш, ҳатто шонаву сӯзанро аз хориҷ ворид мекунад. Саидмӯъмин Камолӣ – раҳбари Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ, созмоне ки ба ташвиқи молҳои корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ машғул аст, мегӯяд: “Дар ин соҳа масъалаи асосӣ рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар миён аст, ки ҳам аз нигоҳи нарх ва ҳам аз нигоҳи сифат ҷавобгӯи бозор нест. Баъдан, танҳо 15 дарсади нахи пахтаи Тоҷикистон дар дохил коркард шуда, бақияаш ҳамчун ашёи хом ба фурӯш меравад, вале даромади фурӯши ашёи хом назар ба маҳсулоти ниҳоӣ табъан хеле камтар аст.”
Тоҷикистон як барномаи пуриддаои коркарди саддарсадии нахи пахта дар дохил то соли 2015-ро тасвиб кардааст. Вале иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ин барнома бо чунин суръати кунд гумон аст, ки то 3 соли дигар пурра иҷро шавад. Омили дигаре, ки ҷойгоҳи молҳои Тоҷикистонро дар бозорҳои гирду пеш ва ҳатто дар бозори дохилиаш танг мекунад, ба назари бисёриҳо, наздики ҷуғрофии ин кишвар бо Чин аст, ки бо моли арзони худ бозори кишварҳои пешрафтаи дунёро “забт” кардааст, чӣ расад ба Тоҷикистон.
Аммо Анвар Ёқубов, раиси минтақаи озоди тиҷоратии “Суғд” мегӯяд, омили Чин набояд баҳонаи даст рӯи даст нишастани ширкатҳои маҳаллӣ шавад: “Ин далел далели асосӣ нест. Чунки ҳолатҳое ҳаст, ки соҳибкорони мо меваи хушкро бо стандартҳои ҷаҳонӣ бастубанд карда, ба Аврупо ва ҳатто ба Амрико содир карданд. Яъне агар сафи соҳибкороне зиёд шавад, ки маҳсулоти ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол мекунанду моли худро муаррифӣ карда метавонанду замонавӣ фикр мекунанд ва рақобатпазир мешаванд, он гоҳ ин ақида, ки Чин ҳамаҷоро зер карда, гирифтааст, аз байн меравад.”
Ба ақидаи Анвар Ёқубов, Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби меваи тару хушк, маҳсулоти ниҳоии коркарди нахи пахта ва коркарди маъдан ва ҳамин тавр, масолеҳи сохтмон бар зарфиятҳои содиротиаш афзуда, дар бозори ҷаҳонӣ барои худ ҷои пои зиёдтар биҷӯяд.
Бо ин ҳол, Дилшод Беков - мудири кулли корхонаи дӯзандагии “Гулистон”-и Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин корхона 80 дарсад аз 12 миллион сомонӣ тавлидоти соли гузаштаашро маҳз ба хориҷ фурӯхтааст. Оқои Беков мегӯяд, чанд мушкили умда дар миён ҳаст, ки монеъи тақвияти зарфиятҳои содиротии Тоҷикистон мешавад: “Мо 5-6-сола таҷрубаи содирот дорем. Мушкилоти ҷиддие нест дар ин роҳ. Ҳуҷҷатҳоро барои фиристодани як мошин бор метавон дар як рӯз тахт кард. Содирот аз андоз озод ва андоз аз арзиши изофӣ барои содирот баробари сифр аст. Вале мушкили аслӣ барои тавлидкунандаҳо дастрас кардани васоити гардон аст. Фоизи қарзи бонк 25-30 фоиз аст, ки барои тавлидот зиёновар мебошад. Мушкили дигар камбуди мутахассисон аст. Барои рақобат кардан дар бозори ҷаҳонӣ бояд фоизи қарзи бонкҳо хеле поён ва истеҳсолот оммавӣ бошад, то арзиши аслии маҳсулот кам шавад.”
“Гулистон” асосан либоси ҷинс медӯзад, ки матоъаш аз хориҷ ворид мешавад. Ҳамин тавр, беш аз 90 дарсади молҳо дар бозорҳои Тоҷикистон – аз меху болға то лапшаву макарон – ҳама сохти хориҷист ва он ҳам дар ҳоле, ки танҳо дар соли 2011 дар ин кишвар дастикам 100 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Аммо аксари ин корхонаҳои нав танҳо дар рӯзи “лентабурӣ” ва он ҳам барои навори телевизион соате чанд кор карда, дигар ба даҳон об мегиранд.