Кобул ҳарос дорад, ки нуфузҷӯии Эрон бори дигар Афғонистонро ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳо табдил надиҳад.
Барномаҳои Эрон дар Афғонистон хеле возеҳ ба чашм мехӯранд: Сохтмони роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ ва ҳатто бунёди роҳи оҳан. Ҳамчунон Теҳрон тавассути ҳузури муфассали расонаҳояш дар тавсеаи нуфузи фарҳангиву сиёсӣ ва сармоягузории мактабҳои динӣ саҳм мегирад.
Кобул дар баробари пазироии мусбат аз ин ёриҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки Теҳрон метавонад Афғонистонро ба як майдони талош барои нуфузу қудрат табдил диҳад.
Наҷиб Маҳмуд, устоди Донишгоҳи Кобул мегӯяд, ки эҳтимол имзои созиши ҳамкориҳои стратегӣ миёни Кобул ва Вашингтон Теҳронро нигарон карда бошад.
Якуми май Кобул ва Вашингтон дар санаде имзо гузошта, мувофиқат карданд, ки ИМА то охири соли 2024-ум кӯмакҳои моливу амниятӣ ба Афғонистонро фароҳам орад. Бар пояи ин ҳуҷҷат низомиёни амрикоӣ баъди соли 2014-ум, яъне замони беруншавии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ҳам дар хоки ин кишвар боқӣ монда, дар таъмини истиқлоли Афғонистон саҳмгир хоҳанд буд.
Оқои Маҳмуд бар ин назар аст, ки ба ақидаи Теҳрон ҳузури низомиёни амрикоӣ дар наздикиҳои марз бо Эрон имкон медиҳад, ки Вашингтон Ҷумҳурии исломиро мавриди муроқибат қарор дода, дар ҳоли ҳамла болои Эрон пешдастӣ кунад.
Дар арафаи имзои санади ҳамкориҳои Кобулу Вашингтон, сафири Эрон дар Афғонистон Абулфазл Заҳраванд кӯшиш кард, вакилони мардумии Афғонистонро ба худдорӣ аз дастгирии ин санад ташвиқ кунад. Аз ҷумла сафири эронӣ таҳдид кард, ки агар Кобул нигарониҳои Теҳронро нодида гирад, Эрон метавонад паноҳандагони афғони муқим дар ин кишварро иҷборан ба ватанашон баргардонад. Дар Эрон тақрибан 1 миллион афғон паноҳгоҳ ёфтааст.
Дар пайи ин таҳдиди сафир расонаҳои афғонӣ навори видеоро намоиш доданд, ки дар он гурӯҳе аз мардони афғон ҷосусӣ ба нафъи Эрон ва тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар хоки Афғонистонро тасдиқ мекунанд. Шореҳи сиёсии афғон Ваҳиди Мужда мегӯяд, ки амиқрафти ин ташаннуҷ барои Кобул хеле гарон хоҳад буд. Ин аст, ки ба ақидаи Мужда, сарфи назар аз дахолати Теҳрон дар умури дохилии Афғонистон, Кобул бояд зарбаҳои ҷавобиро қатъ кунад.