Ислом ва Леди Гага. Моҷаро дар Индонезия

Леди Гага ҳангоми гирифтани ҳашт ҷоизаи соли 2010-и MTV Video Music дар Лос Анҷелес.

Баъд аз шикояти гурӯҳҳои исломӣ консерти Леди Гага дар Ҷакарта, пойтахти Индонезия, мамнӯъ эълон шуд.
Сухангӯи полиси миллии ин кишвар Сайид Усмон Насутион гуфт, дастикам се созмон исломӣ мухолифати худро ба консерти Леди Гага, ки қарор буд, сеюми июн баргузор шавад, баён дошта, сабки ситораи мусиқии попро танқид кардаанд.

Ин гурӯҳҳо Леди Гагаро "фиристодаи шайтон" унвон карда, гуфтаанд, ҳаросе мавҷуд аст, ки сарулибоси иғвогаронаи овозхон ба ахлоқи ҷавонон таъсири бад хоҳад дошт. Созмони тундрави исломии "Ҷабҳаи ҳомиёни Индонезия" таҳдид кард, ки ҳазорон нафар аз тарафдорони худро сафарбар мекунад, то ба фурудгоҳи Ҷакарта рафта, нагузоранд, ки Леди Гага аз ҳавопаймо пой бар замин бигузорад.

"Мо хеле шодем, ки полис ин вайронкунандаи ахлоқро аз вуруд ба кишвари мубораки мо боздошт. Вай танҳо шим ва пешбандак мепӯшад," -- гуфт ба хабаргузории Франс Пресс Ҳабиб Салим Алатас, раиси "Ҷабҳаи ҳомиёни Индонезия".

Алатас Леди Гагаро барои ҷавонони индонезӣ "хатарнок" номид ва гуфт, худи овозхон хешро дар Твиттер ва Фейсбук "паямбари иблис" унвон кардааст. Ин дар ҳолест, ки Леди Гага ба худ чунин ном нагузоштааст.

Ба ҳар тартиб, полис мегӯяд, маҷбур шуд, ба талаби исломгароёни сахтроҳ тан диҳад ва бар пояи нигарониҳои амниятӣ баргузории консертро манъ намояд. Ҳунарнамоӣ дар толори марказии Ҷакарта, қарор буд, ба бузургтарин консерти Леди Гага дар силсиласафараш ба кишварҳои Осиё табдил ёбад. То лаҳзаи манъи консерт, ташкилкунандагони он 40 000 билет фурӯхтаанд ва ин дар ҳоле ки фурӯши билет ба ин намоиш ба поён нарасида буд.

Бархилофи хурсандии мазҳабиён, қарори манъи консерти Леди Гага эътирози густардаи ҷавонони индонезиро ба миён овард. Ҳаводорони ӯ хештеги наверо дар Твиттер бо номи “#IndonesiaSavesGaga” боз намуда, талаб кардаанд, ки худи "Ҷабҳаи ҳомиёни Индонезия" манъ карда шавад, зеро "ҳамарӯза кишварро шарманда мекунад." Онҳо аз аҳолии кишвар даъват кардаанд, ба эътирози зидди тундгароён бипайванданд ва мақомоти давлатро маҷбур ба тағйири қарор кунанд.

Сухангӯи полиси шаҳри Ҷакарта гуфт, ин ниҳод "мушкиле бо Леди Гага надорад", аммо ба баргузории консерт иҷоза дода наметавонад, зеро ниҳоди болоӣ, яъне полиси кишвар онро манъ кардааст. Полиси шаҳри Ҷакарта меафзояд, ҳамчунин аз Шӯрои Миллии Уламо ва ҷомеаҳои дигар нома гирифтааст, ки дар онҳо низ аз нақшаи баргузории консерти Леди Гага изҳори нороҳатӣ шудааст. Вазири умури дохилии Индонезия Гамаван Фавзӣ гуфт, полис барои "ҳимояти Индонезия" кори дуруст кард.

Навад дар сади аҳолии 240-миллионнафараи Индонезия худро мусулмон мешуморанд, аммо аксарияти кулли онҳо дар дину мазҳаб аз эътидол кор мегирад. Раиси кумиссюни қонунгузори порлумони Индонезия, Аҳмад Басара бо вуҷуди он ки аз қарори полис ҳимоят кард, гуфт, вазифаи полис ин ҳам ҳаст, ки ба гурӯҳҳои тундраве, ки шабеҳи ҳамтоёни худ дар Ховари Миёна қонуни шариатро дар Индонезия ҷорӣ карданиянд, низ ҳамин гуна муқовимат кунад, "зеро идеологияи онҳо зидди давлат ва демкоратияи мост."

Леди Гага, овозхони машҳур, ки симои нотакрори саҳнаии худро на танҳо бо таронаҳо, балки бо сарулибоси гуногун ва ҳайратовар бунёд кардааст, дар сафар ба манотиқи дигари Осиё низ бо мухолифат рӯбарӯ шуд. Анҷумани Калисоҳои Корея моҳи март эълом дошта буд, ки барои пешгирӣ аз таъсири ситораи мусиқӣ ба таблиғи ҳамҷинсгароӣ ва фаҳшо дар консерташ дар Сеул даст ба амалҳои созмонёфта хоҳад зад. Шояд ба ин сабаб буд, ки консерти ӯ дар Кореяи Ҷанубӣ оромтар ҷараён гирифт.

Дар Сеул, Ҳонг Конг ва Токио, Леди Гага, бо либоси дарози сиёҳ ба зини аспи механикӣ нишаст ва дар сар кулоҳи азими оҳанӣ дошт. Вай рӯзҳоио панҷшанбе ва ҷумъа дар Тайпей ҳунарнамоӣ мекунад ва сипас роҳии Манила, Бангкок ва Сингопур мешавад. Қарор буд, ки пас аз консерт дар Ҷакарта вай ба Зелонди Нав ва Австралия сафар кунад.

Дар гузашта Индонезия ба ҳунарнамоии овозхонони "шӯх"-е мисли Бейонсӣ ва "Пуссикет Доллз", ки то анозае шабеҳи Леди Гага ҳастанд, иҷоза дода буд ва танҳо консерти Бейонсӣ дар ҳамсоякишвари Индонезия -- Малайзия дар соли 2007 эътирози гурӯҳҳои исломиро ба бор оварда, мамнӯъ эълон шуда буд.