Роҳҳои икмолотӣ аз сӯи Покистон боз мешаванд?

Ҳина Раббонӣ Кҳар

Ҳина Раббонӣ Кҳар-вазири корҳои хориҷии Покистон гуфт, кишвари вай роҳҳои икмолотии НАТО барои нируҳояш дар Афғонистонро ба нишонаи эътироз бар зидди ҳамлаи нируҳои Амрико ба нируҳои артиши Покистон баста буд ва ҳоло вақти он расидааст, ки робита бо Амрикоро барқарор кунад. Ҳина Раббонӣ Кҳар нагуфт, ки оё Покистон роҳҳои икмолотиро боз хоҳад кард ё хайр. Ин тавзеҳоти вай дар нишасти хабарие садо дод ва он дар ҳолест, ки музокироти Покистону Амрико дар бораи имкони боз кардани роҳҳои икмолотӣ барои нируҳои НАТО дар Афғонистон идома дорад. Аз бастани роҳҳои икмолотӣ 6 моҳ мегузарад. Он вақт дар ҳамлаи нируҳои НАТО 24 сарбози покистонӣ кушта шуда буданд.