Ҳизбҳои мухолиф дар ҷустуҷӯи рақиби Эмомалӣ Раҳмон

Аҳзоби сиёсӣ барои пешбарии номзади ягона дар интихоботи президентии 2013 музокиротро шурӯъ кардаанд.
Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, бидуни зикр кардани номи ҳизбҳои музокиракунанда гуфт, маслиҳат ин аст, ки ҳар ҳизб номзади худро дар миёни аъзои худ интихоб кунад ва бо иттифоқи назари ҳамагон дар ҷаласаи умумии ҳизбҳо як номзад пешниҳод шавад.

Вай афзуд, ҳатто аҳзоби, ба истилоҳ наздик ба ҳукумат метавонанд ба ин музокирот ҳамроҳ шаванд. Ҷаноби Собиров гуфт, агар дар миёни аҳзоб иттифоқи назар ба миён наояд, Ҳизби демократ номзади худро дар интихоботи ояндаи президентӣ пешниҳод хоҳад кард.

Қаблан созмони Ҷунбиши миллии Тоҷикистон эълон дошта буд, ки барои баргузории интихоботи шаффоф дар соли 2013 бояд номзади ягона пешниҳод шавад. Ҳизби ҳокими халқи демократии Тоҷикистон дар як ҷаласа номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба интихоботи президентии соли 2013 пешниҳод карда ва ӯро "номзади арзанда" номида буд.

ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА СТРАТЕГИЯИ ОНҲО

Ҳар номзад ё ҳизби сиёсӣ мехоҳад, ҳимояти интихобкунандаро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 ба даст орад. Вале таҳлилгарон мегӯянд, ин далел, ки дар 20 соли охир интихоботҳои Тоҷикистон бо тақаллуб ва нақзи ҳуқуқи интихобкунанда баргузор шудаанд, шаҳрвандонро ба самимияту воқеӣ будани ин маъракаҳо машкук кардааст. Онҳо мегӯянд, дилсардии амиқ ба маъракаҳои сиёсӣ ҷомеаро ба рукуд гирифтор кардааст ва ҳоло шояд танҳо як-ду овоздиҳандаи “романтик” итминон дошта бошанд, ки овози онҳо метавонад, вазъи сиёсӣ дар кишварро дигар кунад.

Ба ақидаи коршиносон, ҳоло се ҳизб ва раҳбарони он ба сурати собит, яке кам ва дигаре бештар электорат ё интихобкунандаи ҳисобӣ доранд. Бузургтарин ташаккули сиёсӣ Ҳизби Халқию Демократӣ (ҲХДТ) ё ҳоким дар Тоҷикистон аст, ки бо истифода аз мавқеи раҳбарии аъзои аршади худ ва аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки раҳбари ин ҳизб аст, метавонад иддао кунад, ки бештарин ҷонибдорони собитро дорад. Аксарияти конститутсионии Маҷлиси намояндагон дар ихтиёри ин ҳизб аст. Баъди он ҳам ду ҳизб -- Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар баробари ҳам қарор доранд.

Аммо ба гуфтаи таҳлигарон, шумори аъзо ва ҷонибдорони ҳеҷ ҳизбе дар Тоҷикистон ба гунаи кофӣ собит нест, ки ба танҳоӣ битавонад барандаи интихобот шавад ва ниёзе ба ҷалби орои қишрҳои дигар надошта бошад. Ба ин манзур ҳамаи ҳизбҳо барои касби оро аз ҳамаи имконоти ихтиёри худ талош хоҳанд кард.

Коршиносон мегӯянд, дар интихоботи порлумонии соли 2012 ҲНИТ дар ҷалби орои қишрҳои мухталиф аз технологияҳои нав истифода кард ва то ҷое мақомотро ғофилгир намуд ва тавонист орои бештареро касб кунад. Аз сӯи дигар ин ҳизб аксари орои эътирозиро низ ба худ ихтисос дод, зеро ба ҷуз ин ҳизб, гурӯҳи дигари ҷиддие, ки ба ҳизби ҳоким рақобат кунад, дар он сабқат ширкат надошт.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин таҳлилгарон мегӯянд, имкон дорад, дар интихоботи соли оянда аксулбарномаҳое ба он чӣ дар интихоботи соли 2012 инттифоқ афтод рӯи даст гирифта шавад. Абдуғанӣ Маҳмадазимов коршиноси тоҷик мегӯяд, дар интихоботи соли 2010 аз ҳашт ҳизбе, ки дар интихобот ширкат дошт, фақат яктои он тавонист аз политехнологияҳои нав истифода кунад, аммо дар интихоботи соли оянда шоҳиди манзараи дигаре ба манзури ҷалби оро хоҳем буд: «Аз интихоботи соли 2010 ҳама сабақ гирифтанд. Дигар ҳизбҳо, аз ҷумла ҳизби ҳокими кишвар низ дарс гирифта ва барои ҷалби электорат политехнологияҳои муосирро истифода хоҳад кард.»