ҲХДТ аз тафтиши додситонӣ "соф" баромад

Додситонии кулл санҷиши фаъолиятҳои молиявии Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистонро ҳам ба охир расондааст.
Усмон Солеҳ, масъули ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, ин санҷиш ҳудуди як моҳ тӯл кашид ва чанд камбудии хеле кӯчакро марбут ба коргузорӣ ошкор кард. Вай афзуд, дар маҷмӯъ додситонӣ ба фаъолияти молиявии ҲХДТ баҳои мусбат дод.

Бино ба иттилои ин манбаъ, хароҷоти молиявии ҲХДТ дар соли гузашта 2 миллиону 65 ҳазор ташкил дода, ҳизби ҳукмрон барои андоз аз даромад – 40, хароҷоти бонкӣ – 7, пардохти иҷора – 6, барқу алоқа – 12, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 58, кӯмакҳо ба сохмонҳои ҳизб дар навоҳии нодор - 112 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.

Дар гузашта додситонӣ Ҳизби коммунистро ба 2 600 сомонӣ барои камбудиҳои молиявӣ ҷарима карда буд. Намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҷаримабандӣ дар пайи бозрасии фаъолияти молии ҳизб дар қароргоҳи марказӣ ва дар бахшҳои вилоятиву ноҳиявиаш сурат гирифтааст.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумон, гуфт, "дар ҳақиқат, Ҳизби комунист дар минтақаҳо андозро саривақт насупоридааст ва ҳамчун иттиҳодиияи ҷамъиятӣ ба нозирони андоз гузориши ҳармоҳа надодааст."

Ҷаноби Талбаков афзуд, пас аз давлатӣ кардани моликияти Ҳизби коммунист дороии он ба сатҳи сирф фаромад ва мебоист, ки дар ин сатҳ ҳисобот ба идораи андоз пешниҳод мегардид, вале ин кор анҷом нашудааст.

Ин масъули Ҳизби коммунист мегӯяд, “баъзе аз доираҳои сиёсӣ ин санҷиши додситонии куллро як навъ фишор болои ҳизб шарҳ додаанд, ки комилан асос надорад. Зеро масъалаи андозу андозусупорӣ ба сиёсат рабт надорад.”

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, тафтиши фаъолияти аҳзоби сиёсӣ кадом ангезае дигар надорад ва ин корҳо бар асоси нақшаи корӣ сурат мегирад.

Ҳикматулло Сайфуллозода

Аз ин қабл Ҳизби наҳзати исломӣ қонунмандии тафтишоти додситониро ба баҳси додгоҳӣ кашид ва алайҳи Додситонии кулл ба додгоҳи ноҳия Сино шикоят бурд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ гуфт, ҳадаф маълум кардани қонунмандии тафтиши фаъолияти ин ташаккули умдаи мухолифин аз сӯи додситонии кулл дар моҳи январ аст. Сомонаи Звезда.ру ахиран аснодеро нашр кард, ки мегӯяд, протоколи як маҷлиси махфии кобинаи амниятии Эмомалӣ Раҳмон аст. Тибқи ин санад, ба мақомоти интизомӣ барои тафтиши фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ амри вижа шудааст. Масъулини ҲНИТ тафтиши ҳизб аз сӯи додситониро ба ҳамин протоколи пурсарусадои 32-20 рабт медиҳанд.

Ҳизбҳои дигар, аз қабили сотсиалист ва ислоҳоти иқтисодӣ мегӯянд, фаъолияти молиявии онҳо низ мавриди тафтиши додситонӣ қарор гирифт ва камбуде ошкор нашуд.