Бино ба пурсишҳои баъд аз раъйдиҳӣ, номзадҳои ҳизби сарвазири Олмон Ангела Меркел дар интихоботи шӯрои минтақаии калонтарин аёлати Олмон шикаст хӯрданд. Ин раъйдиҳӣ нишон дод, ки ҳимояти мардум аз Ҳизби демократҳои насронӣ дар вилояти Рейн-Вестфалияи Шимолӣ аз 35 ба 26 дарсад поин омадааст. Коршиносон мегӯянд, ба монанди раисиҷумҳури Фаронса, Саркозӣ, бӯҳрони молиявӣ эътибори ҳизби Меркелро зери таҳдид қарор додааст.