Даъвати Керрӣ ба иқдоми бештари Покистон

Ҷон Керрӣ

Сенатори амрикоӣ Ҷон Керрӣ аз Покистон даъват кард, то барои маҳви пойгоҳҳои террористӣ дар қаламраваш кори бештар анҷом диҳад. Вошингтон дер боз Исломободро ба иқдоми нокофӣ алайҳи ҷангиёне ки аз Покистон ба Афғонистони ҳамсоя барои ҷанг мераванд, айбдор мекунад. Керрӣ дар баррасии конгресс “вуҷуди минтақаи беҷазо барои аъмоли ҷангӣ” алайҳи нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро “ғайриқобилиқабул” номид. Ӯ хостори қотеъият ва ҳамкории бештари Покистон шуд ва гуфт, дар ғайри ин сурат, тадобири дигар баррасӣ хоҳанд шуд.