Бад шудани вазъи экологӣ ҳамасола ба Тоҷикистон ба маблағи муодили 10 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилиаш хисорот меорад.
Чунин аст як хулосаи гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ бо номи “Рушди фарогири сабз – роҳи рушди устувор.”
Бино ба ин гузориш, Тоҷикистон танҳо ба иллати фарсоиши хок (эрозия) ва шӯршавии заминҳои кишт солона то 3,7 дарсади даромади миллиашро аз даст медиҳад.
Зиёни солонаи бад шудани вазъи муҳити зист барои кишварҳои дучори мушкилоти экологӣ, ки Тоҷикистон низ дар ин радиф шомил шудааст, ба ҳисоби миёна то 8 дарсад баровард шуда, Бонки ҷаҳонӣ ба ин давлатҳо барои коҳиш додани чунин хисорот пешбурди сиёсати дурусти экологиро машварат додааст.
Ба ҳисоби коршиносони ин ниҳоди молӣ, ҳар миллиард долларе, ки барои ҳифзи манобеъи хок ва обу энержӣ масраф мешавад, дар оянда аз 2 то 3 маротиба даромади бештар хоҳад овард.
Расонаҳо аз ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Рейчел Кайт нақли қавл мекунанд, ки гуфтааст, сармоягузорӣ ба экология дар тавони танҳо кишварҳои сарватманд нест ва кишварҳое, чун Тоҷикистонро лозим аст, ки имрӯз иқдом кунанд, вагарна тӯл додани ҳалли масоили муҳити зист, авоқиби ислоҳнопазиреро дар пай хоҳад дошт.