Нахустин пирӯзии Мавзуна Чориева дар сабқати ҷаҳонӣ

Мавзуна Чориева, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Синҳуандгаои Чин ҷараён дорад, дар даври аввал пирӯзӣ ба даст овард.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 343 бонуи муштзан аз 77 кишвар барои даҳ маҷмӯи ҷоизаҳо дар вазнҳои то 48 кг, то 51 кг, то 54 кг, то 57 кг, то 60 кг, то 64 кг, то 69 кг, то 75 кг, то 81 кг ва беш аз 81 кг талош доранд.

Ҳашт нафарӣ беҳтаринҳо дар вазнҳои то 51, то 60 ва то 75 кг роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд, вале аз рӯи квотаи минтақавӣ (Аврупо– 12, Амрико ва Осиё – 8-тоӣ, Африқо – 5, Уқёнус – 3).

Мавзуна Чориева дар вазни то 60 кг барои ба даст овардани медалҳои мусобиқаи ҷаҳонӣ ва роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза мебарад.

Дар нахустин даври мусобиқа Мавзуна бегоҳи 12-уми май бо муштзани Беларус Алла Яршевич рақобат кард. Муштзани тоҷик бинобар бартарии комил, дар дақиқаи 2-вуми раунди чорум ғолиб дониста шуд. Мавзунаи 19- сола дар даври баъдӣ бо Каролина Грасюки 26-сола (Лаҳистон) рақобат хоҳад кард. Ин сабқат 14-уми май баргузор мешавад. Дар ин вазн аз ҳама бештар - 58 нафар ширкат доштанд ва ҳоло 32 нафар мондаанд.

Муштзани дигари Тоҷикистон Светлана Веглина дар вазни то 51 кг аз Кейр Смитт (Ирландия) бинобар бартарии комили рақибаш дар раунди севум шикаст хӯрд.

Намояндаи Тоҷикистон Матлуба Каримова бошад, дар вазни то 48 кг барои ҷоизаҳои мусобиқа талош хоҳад кард. Нахустин қувваозмоии ӯ бо Лидия Ион (Руминия) бегоҳи имрӯз, 13-уми май баргузор хоҳад шуд.

Ҷадвали мусобиқот

13-уми май – қувваозмоиҳои пешакӣ (12.00 ва 16.00)
14-уми май – қувваозмоиҳои пешакӣ(12.00 ва 16.00)
15-уми май – даври 1/8- ниҳоӣ (12.00 ва 16.00)
16-уми май – даври чаҳорякниҳоӣ (12.00 ва 16.00)
18-уми май – даври ниманиҳоӣ (11.00 ва 15.00)
19-уми май – даври ниҳоӣ (11.00-15.00)