Умедвории Аштон барои ҳалли муноқишаи ҳастаии Эрон

Кетрин Аштон, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо.

Кетрин Аштон гуфт, умедвор аст, музокироти Бағдод барои ҳалли муноқишаҳои ҳастаии Эрон мусоидат хоҳад кард.
Кетрин Аштон, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, изҳори умедворӣ кардааст, ки даври тозаи музокироти Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ барои ҳалли муноқишаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ мусоидат хоҳад кард.

Қарор аст, Эрон бо Русия, Амрико, Бритониё, Фаронса ва Чин бар иловаи Олмон, мавсум ба гурӯҳи 5+1, даври дувуми музокироти худро дар 23-юми май дар Бағдод баргузор кунад.

Кетрин Аштон, ки намояндагии кишварҳои 5+1 дар музокирот бо Эронро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, ба даври тозаи музокироти ҳастаии Эрон бисёр умедвор аст. Хонум Аштон, ки дар Брюссел бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, "умедворем, оғози муваффақиятро бубинем."

Кишварҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар садади дастёбӣ ба силоҳи атомист. Ин дар ҳолест, ки Эрон ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳастаии ин кишвар комилан сулҳомез ва барои тавлиди энержист.

Даври тозаи гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷ бар иловаи як пас аз таваққуфи 15-моҳа дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ дар Истанбул баргузор шуд ва қарор аст даври дувуми ин музокирот дар Бағдод, маркази Ироқ, баргузор шавад.

Хонум Аштон, ки рӯзи ҷумъа ба ҳамроҳи Ҳушёр Зебарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, сӯҳбат мекард, дар бораи музокироти Бағдод гуфт, вай ин музокиротро ба сурати гуфтугӯҳои ҷиддӣ ҳидоят хоҳад кард то ба натоиҷи мушаххас ва қатъӣ мунҷар шавад.

Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, моҳи гузашта ва пас аз даври аввали музокирот дар Истанбул гуфта буд, Ғарб дар фосилаи боқимонда то музокироти Бағдод дар ҷиҳати эътимодсозӣ ҳаракат карда ва дар ин роҳ нисбат ба рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон иқдом кунад. Аммо дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон бояд дар аввал қадамҳои мушаххас ва воқеӣ дар ростои раъфи нигарониҳои байнулмилалиро бардорад.