Таркиши бомби канори роҳ, ки як корвони пулисро ба ҳадаф дошт, мунҷар ба ҳалокати як афсар дар шимолуғарби Покистон шудааст. Пулис мегӯяд, дар ин ҳамлаи рӯзи шанбе дар шаҳри Пешовар 12 мулкӣ ва 5 пулиси дигар захмӣ шуданд. Афсарони пулис як гурӯҳи маҳбусонро интиқол медоданд, вале касе аз зиндониҳо осеб надидааст.