Раисиҷумҳури Юнон Каролос Папоулиас рӯзи якшанбе раҳбарони аҳзоби сиёсиро ба охирин музокирот барои ташкили ҳукумати эътилофӣ даъват кард. Папоулиас бо сарони ҳизбҳои муҳофизакор, сотсиалист ва аҳзоби тундрави чапгаро, ки дар интихоботи рӯзи 6 май бештари ороро ба даст оварда, вале то ҳол ба ташкили эътилоф муваффақ нашудаанд, мулоқот хоҳад кард. Ӯ рӯзи шанбе дар Афина гуфт: “Дар ин масъала аломатҳои хушбинӣ дида мешавад ва ман умедворам, ки битавонам ба ташкили ҳукумат кумак кунам. Ҳарчанд хеле сахт аст.”
Агар ин нишаст низ ноком шавад, Юнон маҷбур аст, моҳи оянда интихоботи нав доир кунад. Чунин норӯшанӣ тааҳҳуди Юнон ба коҳиши хароҷот дар чорчӯби барномаи 130-миллионевроии наҷоташ аз буҳрони молиро зери шубҳа гузоштааст. Раиси Бонки марказии Олмон рӯзи шанбе ҳушдор дод, ки дар сурати лағви тавофуқи Юнон бо қарздиҳандагони байналмилалӣ, ба Афина кумаки нав дода нахоҳад шуд.