Имкони рушди ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Зубайдулло Зубайдов

Дафтари рушди тиҷорати Покистон равобити тиҷоратӣ бо Тоҷистонро таҳким мебахшад. Ин масъала ва имконоти густариши ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар дар мулоқоти Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон ва Иршод Қосим-консули ифтихории Тоҷикистон дар Карочӣ дар Дафтари рушди тиҷорати Покистон баррасӣ шуд.

Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ аз барқарории муносиботи дипломатии миёни Тоҷикистон ва Покистон 20 сол мегузарад. Бино ба хабари матбуоти Покистон, сафири Тоҷикистон гуфт, бояд миёни ду кишвар иртиботи мустақим таъмин шавад ва ҳайатҳои тиҷоратии ду кишвар аз кишварҳои якдигар бештар боздид кунанд.

Ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, дар ояндаи наздик парвози мустақими ҳавопаймоҳои ширкати Тоҷик Эйр ба Покистон оғоз мешавад ва он заминаи рафту омади чунин ҳайатҳоро фароҳам меорад.