Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравии пешин, ки беш аз 100 нақш офаридааст, 75-сола шуд.
Аммо бахшида ба ин рӯз масъулони вазорати фарҳанг ва театри ба номи Аблуқосим Лоҳутӣ, ки Ҳошим Гадо бештари осори бебаҳои худ, аз ҷумла “Эдип”-ро манзури тамошобинон гардонидааст, ҳеҷ ҷаласа доир накарда ва номаеро ҳам ба унвони шодбош нафиристодаанд.
Ҳошим Гадо бо ин ҳама ҳунари воло ва осори пурарзиш мисле, ки фаромӯш шудааст ва худи ӯ ҳам ҳоло тақрибан бо ҳеҷ касе сӯҳбат намекунад. Аммо ба хабарнигори “Озодӣ” даст дод, то ӯро ба рӯзи мавлудаш табрик карда, чанд суоле ҳам бидиҳад.
Ҳошим Гадо: “Пеш аз ҳама ба падару модари Шумо раҳмат. Ба ростӣ, агар инҷо Акбари Саттор (раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон) бо Шумо намебуд, шояд шуморо қабул ҳам намекардам. 15 сол аст, ки ин мард маро тарбия мекунад. Кӯшиш мекунам, хуб сӯҳбат шавад, ягон ҳарфи дурушт садо надиҳад. Чандин хабарнигор, чандин наворбардор омад, майлу хоҳиши сӯҳбат кардан, ки надоштам, рад намудам. Вале агар дар ҳар куҷо, ки гапҳои маро нашр мекунӣ, хат назан. Қонунҳоро, кӣ мебарорад, қонунҳоро одам мебарорад. Қонунҳоро кӣ вайрон мекунад? Одам. Дар Тоҷикистон қонуне ҳаст, ба ин маъно, ки ҷашни баъзе аз одамҳоро баргузор накунед. Дуруст. Ман розӣ. Лекин, масалан, шахсеро, ки номи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ, дар Марокко, дар Алҷазоир ва дигар мамлакатҳо маъруфу машҳур месозад, Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи ордени "Ситораи президент", профессор, ки 50
сол дар саҳна худро қурбон кардааст, ҳоло фаромӯш шудааст. Бубинед, дар мо мурдаҳоро ҷашн мегиранд, масалан солгарди драмматург Ғанӣ Абдулло ва чанд рӯз пештар устод Турсунзодаро қайд карданд. Вале Ҳошим Гадоро, ки дар ин саҳна 50 сол ҷон кандааст, фаромӯш карданд. Мудири театр (театри Лоҳутӣ) ва вазири фарҳанг наомаданд, суроғ ҳам накарданд. Бо ин тарзи кор оё маданияту фарҳанги мо куҷо меравад? Ҷумлаи Ҷаноби Олӣ ҳаст, ки дар шиорҳои хиёбонҳо навишта шудааст, афроде, ки ба миллат хидмат мекунанд ва маданияти моро муаррифӣ мекунанд, онҳо комёбии миллатанд. Чаро ин гуфтаи Ҷаноби Олиро дар амал иҷро намекунанд? Вақте "комёбии миллат" чунин хидматҳо кардааст ба 75 даромада бо 50 соли собиқаи корӣ фаромӯш мешавад, оё мумкин аст? Ба ман чизе лозим нест. Вале муносибат бояд ин тавр набошад. Ман спектакли Рӯдакиро бахшида ба 1150-солагии устод рӯи саҳна гузоштам. Се сол мешавад, ки масъулони театр ва вазоратро мегӯям, онро барои мукофоти ба номи устод Рӯдакӣ тавсия намоянд. Ба ҳама асарҳое, ки ба Рӯдакӣ дахл надорад, доданд. Чанде пештар аз панҷоҳсолагии дар саҳна будани ман ба феҳристи ҷоиза дароварданд. Аммо дар даври аввал спектакли Насриддин Афандӣ аз театри Маяковский гузашт, Рӯдакӣ нагузаштааст. Ин намоишнома (намоишномаи Рӯдакӣ соли 2008 ба саҳна гузошта шудааст) дар хориҷ аз Тоҷикистон се диплом ва як Ҷоми махсусро соҳиб шудааст. Дар 7 давлат ҷоиза гирифт. Вазир ошнобозӣ карда намоишномаи Насриддин Афандиро аз театри Маяковский бартарӣ дод. Охирин ҷаласаи таъйинкунандаи мукофоти Рӯдакиро аз театр худи вазир ҳал мекунад. Як одам гуфт, вазир ягон ҷумла дар бораи онки ту 75-сола мешавӣ зикр накард."
Радиои Озодӣ: Шумо беҳтарин ҷоизаҳоро дар Тоҷикистон гирифтаед. Махсусан болотарин ҷоизаҳои даврони Шӯравиро, ҷоизаҳои иттифоқиро, вале чӣ зарурат боқист, ки барои ин ҷоиза талош кардед?
Ҳошим Гадо: "Не, инҷо гап дар бораи прнисип меравад. Бубин, ҳатто ба саволи ту ман ҷавоб дода ва ҳатто фаҳмонида наметавонам."
Радиои Озодӣ: Манзурам ин буд, ки Шумо ба хотири пул барои мукофот талош кардед...
Ҳошим Гадо: "Не, не. Хостам, пеш аз мурдан ин пулро бигирам ва ба ҳамин артистҳои камбағал тӯҳфа кунам. Шумо маро дуруст фаҳмида метавонед? Ҳоло Шумо рафта аз кормандони театр бипурсед. Тамоми мукофтоҳое, ки ман дорам ба ҳунарпешаҳо тақсим кардаам. Маро барои ин кор дар театр одамҳое ёфт шуданд, ки гуфтанд ин одам девона ё ҳушёр. Пулро мегирад ба мо медиҳад. Мукофоти давлатиро гирифтам тақсим кардам, мукофотҳо аз "Эдип"-ро гирифтам тақсим кардам. Ҳамин пулро гирифта пеш аз мурдан ба арвоҳи падару модарҳо гуфтам тақсим карда диҳам. Хайрухуш намоям ва намоиши "Спартак" ва "Суқрот"-ро намоиш диҳам ва бо тамошобин хайрухуш созам."
Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, Шумо "Спартак"-ро омода кардаед ва танҳо сарпараст лозим, ки ба саҳна гузоред...
Ҳошим Гадо: "Ман чунон рақибони бисёр дорам, ки кӯшиш карданд ин намоишнома ба саҳна наояд. Асари "Эдип", ки шӯҳрати ҷаҳонӣ овард, ба ин осонӣ рӯи саҳна наомад. Дар ватани азизамон 22 сол нагузоштанд, ки рӯи саҳна ояд. Ду бор дар сатҳи ҷаҳонӣ пирӯзӣ ба даст овардааст. Бубинед, кадом актёри тоҷик дар Озарбойҷон ба номаш чашма дорад? Онҷо чашмаеро ба номи ман "Ҳошим булоғӣ" номгузорӣ карданд. Фарҳангиҳои Озарбойҷон бо Ҳошим Гадо фахр мекунанд, ки нақши Рустами достон аз "Шоҳнома"-и онҳоро бозӣ кардаам. Бо гови 850-килоӣ гуштӣ гирифтам."
Радиои Озодӣ: Маошу нафақаатон ба зиндагӣ мерасад?
Ҳошим Гадо: "Ба нони зиндагӣ мерасад."
Ҳошим Гадо бо ин ҳама ҳунари воло ва осори пурарзиш мисле, ки фаромӯш шудааст ва худи ӯ ҳам ҳоло тақрибан бо ҳеҷ касе сӯҳбат намекунад. Аммо ба хабарнигори “Озодӣ” даст дод, то ӯро ба рӯзи мавлудаш табрик карда, чанд суоле ҳам бидиҳад.
Ҳошим Гадо: “Пеш аз ҳама ба падару модари Шумо раҳмат. Ба ростӣ, агар инҷо Акбари Саттор (раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон) бо Шумо намебуд, шояд шуморо қабул ҳам намекардам. 15 сол аст, ки ин мард маро тарбия мекунад. Кӯшиш мекунам, хуб сӯҳбат шавад, ягон ҳарфи дурушт садо надиҳад. Чандин хабарнигор, чандин наворбардор омад, майлу хоҳиши сӯҳбат кардан, ки надоштам, рад намудам. Вале агар дар ҳар куҷо, ки гапҳои маро нашр мекунӣ, хат назан. Қонунҳоро, кӣ мебарорад, қонунҳоро одам мебарорад. Қонунҳоро кӣ вайрон мекунад? Одам. Дар Тоҷикистон қонуне ҳаст, ба ин маъно, ки ҷашни баъзе аз одамҳоро баргузор накунед. Дуруст. Ман розӣ. Лекин, масалан, шахсеро, ки номи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ, дар Марокко, дар Алҷазоир ва дигар мамлакатҳо маъруфу машҳур месозад, Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи ордени "Ситораи президент", профессор, ки 50
Радиои Озодӣ: Шумо беҳтарин ҷоизаҳоро дар Тоҷикистон гирифтаед. Махсусан болотарин ҷоизаҳои даврони Шӯравиро, ҷоизаҳои иттифоқиро, вале чӣ зарурат боқист, ки барои ин ҷоиза талош кардед?
Ҳошим Гадо: "Не, инҷо гап дар бораи прнисип меравад. Бубин, ҳатто ба саволи ту ман ҷавоб дода ва ҳатто фаҳмонида наметавонам."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад