Мулоқоти Путин ва Обама ба 18-19 июн вогузор шуд

Мулоқоти Барак Обама ва Владимир Путин-руасои ҷамоҳири Амрико ва Русия ба 18-19 июн вогузор шуд. Онҳо дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ё Ҷӣ 20 дар Мексика бо ҳам дидор хоҳанд дошт.

Ин хабар рӯзи чаҳоршанбе баъд аз гуфтугӯи телефонии Путин ва Обама мунташир шуд. Раиси ҷумҳури Русия ба ҳамтои амрикоии худ гуфт, ки 18-19 май ба мулоқоти 8 кишвари бузурги санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ 8 рафта наметавонад ва ба ҷои вай нахуствазир Дмитрий Медведев дар ҷаласа ширкат хоҳад кард.

Путин гуфт, вай бояд корҳоеро дар робита бо ташкили ҳукумати нави худ ба поён расонад.