Дар Индонезия ҷустуҷӯи ҳавопаймои русии навъи Sukhoi Superjet-100 идома дорад. Ин ҳавопаймо бо 50 нафар сарнишин рӯзи чаҳоршанбе бедарак шуд. Ҳавопаймо парвози намоишӣ анҷом медод. Иртибот бо он баъд аз 20 дақиқаи парвоз қатъ шуд ва сабаби он то ҳол маълум нест.
Бино ба маълумоти ахири кормандони наҷоти Индонезия, мумкин аст ин ҳавопаймо дар минтақаи кӯҳистонии Салак дар қисмати ғарбии ҷазираи Ява суқут карда бошад. Дар Русия бо дастури нахуствазир Дмитрий Медведев барои расидагӣ ба сабабҳои суқути ҳавопаймо кумиссиюне ташкил шудааст. Ба он кормандони муассисаҳои мухталиф шомил шудаанд.