Расидагӣ ба ҳодисаи ғайб задани ҳавопаймои Русия

Sukhoi Superjet 100 дар фурудгоҳи Ҷакарта қабл аз парвоз, 9 май

Бо дастури Дмитрий Медведев-нахуствазири нави Русия барои расидагӣ ба ҳодисаи ғайб задани ҳавопаймои Русия дар Индонезия ва қатъ шудани робита бо ин ҳавопаймо ҳангоми парвоз кумиссиюне ташкил мешавад. Раҳбарии ин кумиссиюнро Юрий Слюсар-муовини вазири саноат ва тиҷорат бар ӯҳда хоҳад дошт. Қаблан барои фароҳам овардани заминаҳои тиҷорати ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100 кормандони баъзе аз доираҳои тиҷоартии Русия ба Индонезия рафта буданд.

Ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100 9 май дар кишвакрҳои Осиё парвози намоишӣ анҷом медод ва 50 нафар сарнишин дошт. 8 нафар шаҳрванди Русия, ду нафарӣ аз Италияву Фаронса ва Амрико ва 38 нафар шаҳрвандони Индонезия дар ин ҳавопаймо буданд. Ҷустуҷӯи ҳавопаймо идома дорад.