Имрӯз Хуан Мендес-гузоришгари вижаи СММ дар масоили шиканҷа бино ба дархости ҳукумати Тоҷикистон вориди ин кишвар мешавад. Дар ҷараёни боздиди худ оқои Мендес бо мутобиқати қонунҳои Тоҷикистон бо муқаррароти байналмиллалӣ роҷеъ ба мубориза бар зидди шиканҷа ошно хоҳад шуд.
Қарор аст оқои Мендес бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва соири созмонҳои байналмиллалии муқими ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад. Вай ҳамчунин ба манотиқи мухталифи кишвар сафар ва бо аъзои хонаводаи ононе, ки мавриди азияту озор ва шиканҷа қарор гирифтаанд, мулоқот мекунад.
Хуан Мендес 18 май дар нишсти хабарие дар шаҳри Душанбе дар бораи натиҷаҳои боздидаш ба пурсиши рӯзноманигорон посух хоҳад дод.
Гузориши мукаммали Хуан Мендес дар бораи боздидаш аз Тоҷикистон ба иҷлоси навбатии СММ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар пешниҳод хоҳад шуд.