Алексиз Тсипрас-раҳбари чапгароёни тундрави Юнон гуфт, ки натавонистааст эътлоф ташкил диҳад ва бад-ин тариқ ба бӯҳрони пешомада хотима бахшад. Вай гуфтааст, ки рӯзи панҷшанбе салоҳиятеро, ки президент Каралос Папоулиас барои ташкили ҳукумати эътилофӣ ба вай дода буд, бармегардонад. Ҳизби Тсипрас бо номи “Сириза” дар интихоботи сартосарӣ мақоми дуввумро ишғол карда буд.
Дар ин интихобот ҳеҷ як аз ҳизбҳои сисёӣ орои кофиро ба даст наоварданд, то битавонанд ба таври мустақил ҳукумат ташкил кунанд. Агар то 17 май ҳизбҳои сисёсӣ дар бораи ташкили ҳукумати эътилофӣ ба тавофуқ нарасанд, дар он сурат дар Юнон интихоботи нави сартосарӣ эълон мешавад.
Рӯзи чаҳоршанбе Евангелос Венезелос-раҳбари Ҳизби Сотсиалист, ки мақоми севвумро дар интихобот ишғол кард, гуфт, ки раиси ҷумҳур аз вай низ хоҳад хост, то ҳукумати эътлофӣ ташкил кунад. Пеш аз вай ду ҳизби ҷои аввал ва дуввум натавонистанд ин корро кунанд.
То поёни моҳи июн Юнон бояд қарзи нави маҳдудкунандаро ба арзиши 18, 8 миллиард доллар ба тасвиб расонад, дар он сурат Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул маблағи навбатиро ихтисос медиҳанд.