Муҳоҷир дар нақши муҳоҷир. Тоҷикон дар 'Театр.doc'

Абдулмамад Бекмамадов, як сокини Хоруғ, ҳоло дар саҳнаи театри касбии Маскав бо номи “Театр.док”, нақши имрӯзаи худ – муҳоҷири кориро мебозад.
Ин намоишнома, ки тоза ба саҳна гузошта шудааст, дар бораи зиндагии воқеии муҳоҷирони кории тоҷик бо ширкати худи онҳо қисса мекунад.

Абдулмамад Бекмамадови 44-сола, ки аз сисолагиаш дар Русия ба сар мебарад, қаҳрамони асосии театри русист, ки бар пояи стенарияҳои мустанад ё қиссаҳои воқеӣ намоишномаҳояшро барпо мекунад. Вай мегӯяд, аз саҳна саргузаштҳои муҳоҷирати худро ба Русия нақл мекунад:

“Пеш, барои бо қатор ба Маскав расидан, бояд то Саратов мерафтед. Мо ҳам бо бачаҳо ба вокзали Саратов омадем, ки милиса моро нигоҳ дошт ва аз тақрибан 40-50 нафар паспорт талаб кард. Гуфт, ки аз паси мо биёед, санадҳоро месанҷем. Рафтем ва дар фосилаи ду соат то омадани қатори Маскав, ҳар кас, ки аз бачаҳо бахташон хандид, озод шуда роҳашонро давом доданд, мо дар қафотари навбат, ки будем, мондем. Қатор рафт, дар даст пул нест, надонистем, чӣ кор кунем. Ҳамон ҷо як марди қафқозӣ пайдо шуду гуфт, ки биёед, як ҷо коре ҳаст, каме пул ҷамъ мекунеду баъд ба роҳатон меравед. Мо аз паси ӯ рафтем, вале баъди анҷоми кор маълум шуд, ки вай моро фиреб кардааст. Хулоса, танҳо рӯзи дигар вақте поезди Маскав бо бачаҳои тоҷик баргашт, мо аз онҳо каме пул гирифта ба Маскав рафтем.”

Вай мегӯяд, қиссаи худро ба забони русӣ зери оҳанги “Шӯхи парӣ” нақл ва ин таронаи маъруфи Далер Назаровро - Покизамо Қурбонҳусейнова, ҳунарпешаи собиқи театри “Ганҷина” аз Душанбе иҷро мекунад. Аслан, дар ин намоишномаи муҳоҷирони корӣ се нафар иштирок мекунад. Нафари сеюм – навозандаи тоҷик аз Бадахшон Аҷам Чаккабоев аст, ки рубоб менавозад. Абдулмамад ва Аҷам ҳоло дар як сохтмон ва хонум Покизамо ба ҳайси фаррош кор мекунанд. Вале дар соатҳои хеле ками баъди кори сангин, онҳо гаҳ-гоҳе бо мусиқиву навозандагӣ ҳам машғул мешаванд. Соле пеш онҳо дар ҳамин ҳайат дар як ҷашнвораи мусиқии Маскав бо оҳангҳои тоҷикӣ ҳунарнамоӣ карданд ва ба ҳамин роҳ бораи онҳо иттилое дар интернет пайдо шуд.

Тоҷикон дар "Театр.doc"



Всеволод Лисовский, коргардони “Театр.док”, ки ин гурӯҳро ба намоишномаи худ бо номи “АКЫН-ОПЕРА” даъват кардааст, мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз ин намоишномаи мустанад, ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба масъалаи муҳоҷирони корӣ, поймол шудани ҳуқуқи онҳо, фарқ ва фосилагузории онҳо аз мардуми таҳҷоии Русия ва бедор кардани ҳисси эҳтиром ва қадршиносии намояндагони миллатҳои дигар мебошад.

"Ин танҳо оғози барномаи калони ҳунарӣ аст, мо ҳоло танҳо порае аз онро муаррифӣ кардем. Мо дар ин намоишнома қиссагӯии воқеӣ ё мустанадро бо мусиқии мардумии тоҷикӣ омехта кардем. Ин як жанри нави ҳунарист, ки аз Ғарб омадааст. Аз рӯи бардошти тамошобинон, ки дар миёнашон муҳоҷирони корӣ низ буданд, кори ҳамватанони онҳо хуб қабул шуд ва барояшон қобили фаҳм буд."

Лисовский мегӯяд, таҷрибаи аввал муваффақиятомез буд ва тамошобину ҳунарпешаҳо бо эҳсоси хуб аз толор берун шуданд. Коргардони рус мегӯяд, умедвор аст, ин намоишнома, ки шакли комилаш бояд моҳи июн ба саҳна гузошта шавад, метавонад саҳми худро дар беҳтар шудани обрӯи муҳоҷирон ва дигар шудани муносибати мардуми бумӣ ба занону мардони корҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар гузорад.