Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка гуфт, режими худкомаи ӯ ба ягон кишвар имкони “шантаж ё таҳдид” нахоҳад дод. Лукашенка дар расми таҷлил аз иди Ғалаба дар Минск гуфт, Беларус, ки дар маркази Аврупо ҷойгир аст, барои гуфтугӯ ҳам бо Ғарб ва ҳам бо Шарқ боз мебошад, вале “баъзеҳо ҳусни нияти моро ҳамчун аломати заъфи мо қабул мекунанд.” Ӯ бидуни бурдани ном гуфт, баъзе кишварҳо иттилоот, шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳримоти иқтисодиро ба хотири тағйир додани фикри мардуми Беларус ва ба зону шинондани ин кишвар истифода мебаранд. Ӯ аз мардум даъват кард, то аз Беларус дифоъ кунанд.