11,85 миллион доллар кумаки нави Бонки ҷаҳонӣ

Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди иттихози 11 миллиону 850 ҳазор доллар кумаки нави билоиваз ба Тоҷикистон қарор кардааст. Ин кумак дар чаҳорчӯби барномаи рушди зербинои мунитсипалӣ буда, таъмини беҳтари беш аз 200 000 сокини Қӯрғонтеппаву Фархор, Кӯлобу Восеъ ва Данғара бо обро ба ҳадаф доштааст. Ин маболиғ аз ҷумла барои соҳоти обрасонӣ ва беҳдоштӣ ва ҳамчунин барои таҳкими зербинои таъмини шароити дарозмуддати беҳбуди сифати зиндагии мардум масраф шуда, 2 миллион доллар аз ин барнома барои рафъи авоқиби обхезиҳо дар навоҳии вилояти Хатлон масраф хоҳад шуд.
Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 14 тарҳро ба маблағи умумии 225 миллион доллар таъмини молӣ мекунад. 35 дарсади ин барномаҳо дар соҳоти энерживу обрасонӣ, 31 дарсад барои рушди русто ва кишоварзӣ ва 30 дарсадаш барои рушди соҳоти маорифу ҳифзи сиҳҳат ва ҳимояти иҷтимоӣ буда, танҳо 4 дарсади барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҳимоят аз сиёсати иқтисодӣ ва бахши давлатиро дунбол мекунад.