Дар Тоҷикистон аз Рӯзи пирӯзиии Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми ҳитлерӣ бо баргузории гашти низомӣ таҷлил шуд.
Ин гузашти низомӣ зери назари президент Эмомалӣ Раҳмон, ки сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, сурат гирифт ва онро дигар аз мақомоти баландпояи ин кишвар, собиқадорони ҷангу меҳнат, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва сокинони шаҳри Душанбе тамошо карданд.
Раиси ҷумҳур дар суханронӣ ва ё паёми табрикӣ ба муносибати 67-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм, сабаби ба чунин шаҳомат таҷлил кардани пирӯзи бар фашизмро чунин шарҳ дод, «ҳар сол ин санаи таърихи ба хотири арҷгузорӣ ба пайкори пуршарафи ҷангӣ, ҷасорату фидокорӣ ва матонату қаҳрамонии мардони ҷабҳаи набард ва ақибгоҳ, ки мушкилоти тоқатфарсои он солҳои мудҳишро бо кору заҳмати бемислу монанд паси сар карда, ба пирӯзӣ расидаанд, сурат мегирад.»
Ин буд, ки президент Раҳмон ба пуштибонии собиқадорони ҷанг таъкид кард ва гуфт, «мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ кору пайкор ва заҳамоти ҷовидонаи шуморо фаромӯш нахоҳад кард.»
Аммо таърихдонону коршиносон зимни истиқбол аз иродаи Тоҷикистон барои таҷлили бошукӯҳи пирӯзии Иттиҳоди Шуравӣ алайҳи Олмони нозӣ ҳадафҳои дигареро дар ин замина матраҳ мекунанд.
Нуралӣ Давлат, таърихшиноси тоҷик, ки аз алоқамандони таҷлили бошукӯҳи «иди зафар» аст, мегӯяд, Тоҷикистон ба ин васила ба ҷаҳониён ва ба хусус Русия, ки бештар дар пайи «бузургманишӣ» -и худ аз ин ҷанг аст, нишон доданист, ки саҳми кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон дар пирӯзӣ алайҳи фашизм кам нест, «Шумо бубинед, ки ҳукуматдорони Русия дар чанд соли ахир, вақте дар бораи пирӯзӣ бар фашизм дар соли 1945 суханронии расмӣ мекунанд, қариб ки кишварҳои Осиёи Марказиро сарфи назар мекунанд, аслан, ки ном ҳам намебаранд. Ба ин далел ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад нишон бидиҳад, ки Тоҷикистон дар ин ҷанг саҳм дошт ва дар баробари тамоми 61 кишвари ҷаҳон, ки дар ин ҷанг ширкат карданд, дар як қатор меистад.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷанги дуввуми ҷаҳониро фоҷиаи башарият хонд ва гуфт, Тоҷикистон низ дар радифи дигар кишварҳои олам ба машаққату маҳрумиятҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида ва талафоти гарон додааст. Ба таъкиди президенти Тоҷикистон, дар ҷанги дуввуми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор нафар фарзандони миллати тоҷик ширкат карда ва аз онҳо 100 ҳазор нафар қаҳрамонона ҷон бохтаанд.
Аммо ҷавонони имрӯз оё аз ин қурбониҳо, корнамоиву мардонагии миллати тоҷик дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ огаҳии комил доранд? Сафарбек, як ҷавони тоҷик дар ин бора мегӯяд, «банда дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аслан аз қиссаҳои бобоям, ки худ иштирокчии ҷанг буду чорзахм ҳам бардошта буд, каме бархӯрдор шудам ва ҳамчунин аз филмҳои русӣ, ки бештар қаҳрамонии мардуми рус дар ҷанг таҷассум ёфтааст. Аммо дар бораи корнамонии мардони кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон қариб, ки ночиз таҷассум мешавад.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки шабакаҳои телевизионии Русия аз ҳафтае қабл намоиши филмҳоеро дар бораи ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ оғоз кардаанд, ки танҳо бозгӯи қаҳрамонии русҳо дар ин ҷанг аст.
Аммо Сафарбек аз он изҳори таассуф мекунад, ки мутаассифона, дар китобҳои дарсӣ низ таърихи ин ҷанг ба русҳо бештар марбут дониста шуда ва аз қаҳрамонии фарзандони халқу миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон танҳо ҳикояву қиссаҳои пароканда, нашр шудааст, ки ин наметавонад воқеияти таърихиро барои ҷавони мактабхон бозгӯ кунад.
Ба ин далел соҳибназарон мӯътақиданд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо густардатар ҷашн гирифтани «Иди ғалаба», «кору пайкор ва заҳматҳои ҷовидонаи фарзандони миллати тоҷик дар ин ҷангро барои наслҳои имрӯзу оянда, намунаи ибрат нишон медиҳад."
Ин ҳам дар ҳолест, ки сол аз сол теъдоди собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон кам мешавад. Соле пеш шумораи онҳо 2 ҳазору 650 нафар буд. Аммо дар давоми як соли ахир 935 нафари онҳо даргузаштанд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло ҷавонтарин иштирокчии ҷанг дар Тоҷикистон 85 сол дорад.
Ҳарчанд дар солҳои пеш ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бидуни навбат хона, мошини сабукрав ва дигар имтиёзоте дода мешуд, аммо ҳамакнун ин қишри ҷомеа танҳо метавонанд танҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба таври ройгон истифода кунанд.
Аммо мояи хушҳолии онҳост, ки соле як маротиба ва он ҳам дар остонаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме кӯмакпулиҳо дода мешавад. Имсол мизони кӯмакпулии идона ба ҳар собиқадори ҷанг маблағи 550 сомонӣ ё муодили беш аз 120 доллари амрикоиро ташкил дод.
Раиси ҷумҳур дар суханронӣ ва ё паёми табрикӣ ба муносибати 67-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм, сабаби ба чунин шаҳомат таҷлил кардани пирӯзи бар фашизмро чунин шарҳ дод, «ҳар сол ин санаи таърихи ба хотири арҷгузорӣ ба пайкори пуршарафи ҷангӣ, ҷасорату фидокорӣ ва матонату қаҳрамонии мардони ҷабҳаи набард ва ақибгоҳ, ки мушкилоти тоқатфарсои он солҳои мудҳишро бо кору заҳмати бемислу монанд паси сар карда, ба пирӯзӣ расидаанд, сурат мегирад.»
Ин буд, ки президент Раҳмон ба пуштибонии собиқадорони ҷанг таъкид кард ва гуфт, «мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ кору пайкор ва заҳамоти ҷовидонаи шуморо фаромӯш нахоҳад кард.»
Аммо таърихдонону коршиносон зимни истиқбол аз иродаи Тоҷикистон барои таҷлили бошукӯҳи пирӯзии Иттиҳоди Шуравӣ алайҳи Олмони нозӣ ҳадафҳои дигареро дар ин замина матраҳ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад