СБП қарзи навбатӣ ба Тоҷикистонро ба тасвиб расонд

Намояндагии Сандуқи Байналмиллалии Пул дар Тоҷикистон хабар додааст, ки ин муассисаи молии ҷаҳон дар чаҳорчӯбаи Барномаи сесолаи қарзи густарда 20 миллиону 200 ҳазор долларро барои Тоҷикистон ба тасвиб расондааст. Барномаи мазкур моҳи апрели соли 2009 ба фаъолият шурӯъ кард ва интизор мерафт, ки ба Тоҷикистон тақрибан 162 миллион доллар қарз диҳад.

Сандуқи Байналмиллалии Пул аз Тоҷикистон ситоиш кардааст, ки даромади нохолиси миллиаш дар соли 2011 7 дарсадро ташкил додааст ва муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷ мизони рекордӣ, яъне 3 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд.