Сонеҳаи пурқурбонӣ дар Қазоқистон

Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон шаби гузашта бар асари сонеҳаи нақлиётӣ 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар шоҳроҳи Алмаато-Екатеринбург мошини боркаши КамАЗ бо автобуси хурди мусофирбар бархӯрд.

Ба иттилои вазорати ҳолтаҳои изтирории Қазоқистон, ҳамаи қурбониёни ҳодиса – ронанда ва мусофирони автобуси хурд шаҳрвандони Қирғизистонанд.

Ронандаи КамАЗа ва як мусофири дигар микроавтобус бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон интиқол дода шуданд.

Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.