Пешниҳоди вазири тоҷик барои харидории тарёки Афғонистон

Рамазон Раҳимов

Рамазон Раҳимов-вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони порламони Аврупо дар Душанбе пешниҳод кардааст, ки аврупоиҳо аз кишоварзони афғон маҳсули кишти тарёки онҳоро харидорӣ кунанд. Ба гуфтаи вазир, тарёки харидоришуда сипас метавонад барои тавлиди доруҳо истифода шавад ё онро мешавад нобуд кард.

Вазир гуфтааст, тавлиди ғайриқонунӣ ва гардиши маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои даромад барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба шумор меравад. Бино ба арзёбиҳои коршиносон дар як сол ҷаҳони ҷиноӣ аз фурӯшу қочоқи маводи мухаддири Афғонистон 65 миллиард доллар даромад ба даст меорад. Вале аз он танҳо як миллиард доллар ба кишоварзони афғон мерасад.
Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.