Рӯзномаи ”Тhe Washington Post” мегӯяд, Амрико тайи 2 соли охир ба хотири ташвиқи талошҳои сулҳ бо гурӯҳҳои чирикӣ аз як зиндони низомӣ дар Афғонистон маҳбусони “сатҳи боло”-ро раҳо кардааст. Нашрия аз қавли мақомҳои амрикоӣ бидуни бурдани ном мегӯяд, танҳо маҳбусоне, ки таҳдиди амниятӣ надоштанд, раҳо ёфтаанд. Сухангӯи сафорати Амрико Гевин Сандалл ин барномаро таъйид кард, вале гуфт, аз он хеле аҳён истифода шудааст.