Ф.Саидов: "Нозимҷон Нидоев дастгир нашудааст"

Оҷонси мубориза бо фасод чораи ҳабси пешакӣ алайҳи Нозимҷон Нидоев, раиси пешини Донишгоҳи иқтисодиро иваз кардааст.
Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи душанбеи 7 май бо таъйиди ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки тафтиши парвандаи алайҳи раиси пешини ин донишгоҳ ва ҳамроҳони ӯ аз тарафи бозрасонӣ ин Оҷонсӣ идома дорад.

Қаблан хабаргузориҳо навишта буданд, ки Нозимҷон Нидоев, раиси пешини Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи маблағи давлат ба миқдори як миллион сомонӣ дастгир шуда ва бозрасии парвандаи ҷиноии ӯ аз тарафи муфаттишони Оҷонси мубориза бо фасоди ин кишвар дар шаҳри Душанбе анҷом дода мешавад.

Ба навиштаи ин хабаргузориҳо, муовини раиси ин Донишгоҳ дар умури хоҷигидорӣ Эмомалӣ Одинаев, низ бо айни ҳамин иттиҳом аз сӯи кормандони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шудааст. Аммо Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, ки дар ин парванда ҳамроҳ бо раиси пешини донишгоҳи мазкур боз се нафари дигар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ҷаноби Сайидов афзуд, ки ҳаҷми зарари расонида на як, балки беш аз ду миллион сомониро ташкил медиҳад. Раиси Оҷонси мубориза ба фасоди Тоҷикистон гуфт, ки раиси Донишгоҳ Нозимҷон Нидоев бо имзои санади хориҷ нашудан аз маҳалли истиқомат (справка о невиезде) дар шароити махсуси зери назорати тафтишот қарор дорад.

Ҷаноби Сайидов афзуд, ки ин чораи ҳабси пешакӣ ба хотири рӯёнидани зарари расонида ба давлат татбиқ шудааст ва дар ҳоли ҳозир Нидоев 600 ҳазор сомонии тасарруфшударо ба давлат баргардонидааст. Аммо ҷаноби Сайидов афзуд, дар сурати то ба охир барнагардонидани зарар, дар мӯҳлати таъйиншуда ӯ ба ҳабс гирифта мешавад.

Зимнан, Нозимҷон Нидоев, доктори улуми иқтисодӣ буда ва дар Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мақоми муовинати раис аз моҳи ноябри соли гузашта бар ӯҳда дорад.

Дар чанд соли ахир чанде аз устодону масъулони донишгоҳҳои кишвар бо иттиҳоми ришвахорӣ ва ё аз худ кардани маблағи давлат боздошт шудаанд. Худи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чандин суханрониҳои худ ба ин мавзӯъ рӯ оварда ва ҳатто тирамоҳи соли гузашта хоста буд, то бахши маориф аз афроди фасодкор (манзур фасоди молӣ) пок карда шавад.