Даргирӣ миёни полис ва тазоҳуркунандагон дар Маскав

Баъд аз он ки ширкаткунандагони тазоҳуроти 20-ҳазорнафара дар Маскав сафи полисро шикаста, аз маҳалли иҷозашудаи тазоҳурот ба самти Кремл ҳаракат карданд, байни онҳо ва полис даргириҳо ба амал омад. Сарони мухолифон Иля Яшин ва Борис Немтсов хабар доданд, ки полис дар муқобили тазоҳуркунандагон аз гази ашковар истифода кардааст. Бино бар хабарҳои дигар, полис, зоҳиран ҳангоми шикаста шудани хатти назорати худ аз калтакҳо низ кор гирифтааст. Гурӯҳи 50-нафарии тазоҳуркунандагон дар берун аз доираи иҷозашуда ба замин нишастаанд ва аз иҷрои талаби полис ба тарки макон саркашӣ мекунанд. Бино бар хабарҳо, сарони мухолифон Яшин, Сергей Удалтсов ва Алексей Навалний дар байни мӯътаризонанд. Ин тазоҳурот бо эътирози аз давраи савуми президентии Владимир Путин барпо шудааст.