Интихоботи президентӣ, порлумонӣ ва маҳаллӣ дар Сербия

Дар Сербия ҳамзамон се интихобот ҷараён дорад. Интихоботи президентӣ, порлумонӣ ва мақомоти маҳаллӣ. Дар интихоботи президентӣ 12 номзад бо ҳам дар сабқатанд ва раисиҷумҳури феълии тарафдори Иттиҳоди Аврупо, Борис Тадич бо номзади сотсиалистҳо Тимослав Николич аз пешсафони корзор буда, интизор меравад, рақобати онҳо дар даври дувум идома хоҳад кард. Бино бар назарсанҷиҳо мавқеи Тадич зимни пасрафти иқтисодӣ ва бӯҳрони умумии молиявӣ устувор нест. Дар интихоботи порлумонӣ пешгӯӣ мешавад, ки Ҳизби демкоратии Тадич аз Ҳизби тараққихоҳи Никлочи ақиб мемонад. Вале, ба ақидаи коршиносон, аҳзоби рӯ ба Иттиҳоди Аврупо метавонанд, дар ташкили эътилоф бар миллатгароён бартарӣ дошта бошанд. Ин ҳолат дар интихоботи гузашта низ иттифоқ афтода буд.